Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвоз аз Бишкек ба Душанбе қатъ шуд


Ягона ширкати ҳавоие, ки дар масири Душанбе-Бишкек мусофирбарӣ мекард, парвозҳояшро қатъ кард.

Ширкати хусусии қирғизӣ - "Avia Traffic Company", ки ҳафтае як маротиб дар масири Душанбе-Бишкек парвоз мекард, аз аввали октябри соли равон парвозҳояшро ба Тоҷикистон қатъ кардааст.

Асел Келдибаева, корманди ин ширкат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби чунин тасмим дар камдаромад будани ин самти парвоз аст.

Ӯ тахмин зад, ки ин ширкат шояд парвозҳои худро ба Душанбе аз аввали баҳори соли оянда аз нав барқарор кунад.

"Ҳоло дар зимистон, барои як ширкати хусусӣ чунин парвоз бефоида аст. Кафолат намедиҳем, аммо азбаски ин рейс мураттаб фаъол буд, умед дорем, ки баҳор он аз нав барқарор хоҳад шуд. Ҳама аз шумораи мусофирон вобаста аст",--гуфт ӯ.

Дар солҳои пеш дар ин масир ҳавопаймоҳои ширкатҳои "Тоҷик эйр" ва "Манас" парвоз доштанд.

Парвозҳо умдатан ду маротиб дар як ҳафта анҷом дода мешуданд. Аммо солҳои охир «Avia Traffic Company» ягона ширкате буд, ки дар ин равиш рузҳои якшанбе мусофирбарӣ мекард. Нархи чипта одатан аз 100 то 200 доллар арзиш дошт.

Ҳоло барои аз Душанбе ба Бишкек парвоз кардан масири наздиктарини ҳавоӣ тариқи Алм-Ато дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG