Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангпушти осиёимарказӣ шомили Китоби сурхи Узбекистон шуд


Шумори сангпушти осиёимарказӣ (сангпушти даштӣ) ба далели тағйирёбии муҳити атроф кам мешавад. Бино бар ин сабаб, ин навъи сангпушт вориди Китоби сурхи Узбекистон шудааст.

Кумитаи давлатии муҳити зисти Узбекистон хабар медиҳад, майдони умумие, ки барои мавҷудияти табиии сангпушт номувофиқ гаштааст, 300 ҳазор километри квадратиро ташкил медиҳад. Давоми 60 соли охир дар натиҷаи фаъолиятҳои кишоварзӣ муҳити зисти сангпуштҳо 1,5 миллион гектар кам шудааст.

"Дар бозорҳои Узбекистон сангпушт мефурӯшанд. Сокинон онро барои бозии бачаҳояшон мехаранд ва баъди чанде ба кӯча мегузоранд, зеро намехоҳанд, сангпуштро нигоҳубин кунанд. Мо пешниҳод дорем, ки фурӯши ҳайвонҳои ғайрихонагӣ бояд назорат ва харидорону фурӯшандагони онҳо муҷозот шаванд", - омадааст дар хабари Кумитаи муҳити зисти Узбекистон.

Шумори сангпуштҳои осиёимарказӣ дар нимаи аввали асри гузашта ба камшавӣ шуруъ кард. Дар солҳои 1950 ва 1960 сангпуштҳоро асосан бо ҳадафҳои иқтисодӣ ҷамъоварӣ мекарданд, аммо рушди кишоварзӣ дар даштҳо ба камшавии густардаи муҳити зисти сангпуштҳо боис гардид.

XS
SM
MD
LG