Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи мусалмонҳои Чин барандаи ҷоизаи Сахаров шуд


Илҳом Тоҳтӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст
Илҳом Тоҳтӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст

Порлумони Аврупо имсол ҷоизаи ба номи Сахаровро ба Илҳом Тоҳтӣ, ҳомии зиндонии уйғурҳои Чин тақдим кард.

Девид Сассулӣ, президенти порлумони Аврупо, ҳангоми эълони хабари тақдими ҷоиза аз мақомоти Чин хост, Тоҳтиро “билофосила” озод кунанд. Тоҳтӣ бар асоси моддаи ҷудоиталабӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Ду номзади дигари ҷоиза – созмони The Restorers дар Кения ва се ҳомии ҳуқуқ аз Бразилия буданд.

Ҷоизаи Тоҳтӣ эҳтимол хашми Чинро барангезад, чунки ҳама интиқодҳоро дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи мусалмонҳо нодида гирифтааст.

Бовар меравад, тахминан 1 миллион уйғур ва мусалмонони дигар дар қароргоҳҳои бозтарбияи Чин дар вилояти Шинҷон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҷоизаи солонаи Порлумони Аврупо шурӯъ аз соли 1988 ҳар сол барои шахсият ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон тақдим мешавад ва ба номи физики машҳури Шӯравӣ Андрей Сахаров гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG