Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон волидонро барои "ҷалб"-и фарзандон ба эътирозҳо ҷазо медиҳанд


Вакилони порлумони Қазоқистон қонунеро қабул карданд, ки бар асоси он волидон барои "ҷалб"-и фарзандон ба эътирозҳои оммавӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб хоҳанд шуд. Ин қонун ҷарима ва ё то 10 рӯзи ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Дар шарҳи меъёри нави қонунӣ гуфта шудааст, дар гузашта ҳолатҳое мушоҳида шуд, ки ширкатдорони эътирозҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ бо фарзандонашон боздошт шуда буданд. "Далелҳои мавҷуд аст, ки шаҳрвандон ҳамроҳ бо фарзандони ноболиғ дар эътирозҳои ғайриқонунӣ ширкат карда, ба ин тартиб ба рушди ҷисмониву маънавии ноболиғон зиён мерасонанд", - омадааст дар шарҳи қонун.

Ҷаримаи вайрон кардани меъёри нав наздики 650 доллари ИМА ва ё то 10 рӯзи ҳабси маъмуриро дар бар мегирад.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон борҳо гуфт, ки қонунгузории кишвараш дар бахши эътирозҳои оммавӣ бояд бозбинӣ шавад. Аммо то кунун барои бозбинии қонунгузорӣ ҳеч амале сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG