Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: кумакҳои низомӣ ба Украина афзоиш дода шаванд


Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Брюссел даъват кард, ки кумакҳои низомӣ ба Украина афзоиш дода шаванд.

Ба гуфтаи Столтенберг, масъалаи дастгирии Украина то ду рӯзи оянда дар мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви НАТО баррасӣ хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки аъзои шӯрои созмони низомӣ як ҳафта пас аз Украина боздид мекунанд. Коршиносон ба Одесса ва Киев рафта, вазъи артиши Украинаро аз наздик баҳо хоҳанд дод.

Дабири кулли НАТО дар мавриди созиши ахири Туркия ва Русия дар робита ба назорати муштараки марзи Сурия гуфт, барои баҳо додани он ҳанӯз барвақт аст.

XS
SM
MD
LG