Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайримунтазираи вазири дифои Амрико ба Ироқ


Марк Эспер, вазири дифои Амрико бо ҳамтои ироқиаш дар Бағдод
Марк Эспер, вазири дифои Амрико бо ҳамтои ироқиаш дар Бағдод

Марк Эспер, вазири дифои Амрико, бо сафари аз пеш эълоннашуда ба Бағдод рафт, зеро Иёлоти Муттаҳида нерӯҳои худро аз шимолу шарқи Сурия ба воситаи Ироқ мебарорад. Интизор меравад, Эспер рӯзи 22-юми октябр бо вазири дифои Ироқ Наҷаҳ ал-Шаммарӣ ва сарвазир Одил Абдул Маҳдӣ вохӯрад.

Як рӯз пеш низомиёни артиши Ироқ гуфтанд, сарбозони амрикоие, ки аз Сурия мераванд, иҷозати дар Ироқ мондан надоранд. Эспер рӯзи 22-юми октябр дар Арабистони Саудӣ гуфт, нерӯҳои бароянда аз Сурия пеш аз баргаштан ба Иёлоти Муттаҳида "чанд гоҳе" дар Ироқ хоҳанд монд.

Сарвари Пентагон нахуст ба хабарнигорон гуфта буд, ҳамаи нерӯҳои ИМА, ки Сурияро тарк мекунанд, ба ғарби Ироқ мераванд ва амалиёти худро ба зидди гурӯҳи ифротгарои “Давлати Исломӣ” давом медиҳанд.

Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ тақрибан 5200 сарбоз дорад, бахше, ки аз эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии ИМА ба зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошад. Президент Доналд Трамп пештар гуфта буд, 1000 сарбози амрикоиро аз шимолу ғарби Сурия берун меорад, аммо сипас Пентагон гуфт, Вашингтон дар назар дорад, дар он ҷо баъзе қувваҳоро нигоҳ дорад, то ҷангҷӯёни ДОИШ ва дигаронро нагузоранд аз ҳавзаҳои нафти минтақа суд бардоранд.

XS
SM
MD
LG