Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон шарҳнависони интернетиро зери назорат мегиранд


Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон тасмим дорад, соҳибони сомонаҳо, расонаҳо ва блогнависонро аз нашри муҳтавои мамнуъ (аз ҷумла шарҳҳои мамнуъ) огоҳ кунад ва ҳамзамон талаб намояд, ки муҳтаво ва шарҳҳои мамнуъ давоми 24 соат пок карда шаванд.

Оҷонси мазкур қарори девони вазиронро дар робита ба ин талабот нашр кард.

Дар қарори девони вазирон омадааст, ки назорати муҳтавои интернет бо ҳадафи амалисозии талаботи қонун "Дар бораи иттилоот" роҳандозӣ мешавад. Соҳибони сомонаҳо, блогнависон вазифадоранд, ки муҳтаво ва шарҳҳои ба саҳифаашон ирсолшударо санҷанд.

Онҳо ҳамчунин вазифадоранд, ки иҷоза надиҳанд, матлабҳои ба қонунгузории Узбекистон мухолиф дар саҳифаашон нашр шавад.

XS
SM
MD
LG