Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони нави Фейсбук дар остонаи интихоботи 2020


Марк Сукерберг
Марк Сукерберг

Масъулони ширкати Фейсбук хабар доданд, ки дар амри мубориза бо нашри хабарҳои дурӯғ ва саркӯби садои раъйдиҳандагон дар остонаи интихоботи президентии соли 2020-уми Амрико, доираҳои корбарони Фейсбук ва Инстаграмро дар Русия ошкор ва поккорӣ кардаанд. Онҳо гуфтанд, ин афрод ба зидди раъйдиҳандагон кор мекарданд.

Фейсбук рӯзи душанбе эълон кард, ки бо ифшои маълумоти бештар дар бораи корбарони тасдиқшуда ва барҷаста намоиш додани мӯҳтавое, ки аз ҷониби санҷишгарони мустақил ҳамчун матлаби дурӯғ ёд мешаванд, шаффофияти маводро таъмин мекунад. Шабакаи иҷтимоии азим ҳафтаҳои ахир ба хотири сиёсати наваш зери фишор қарор гирифтааст.

Бар асоси муқаррароти нави Фейсбук, маводи таблиғотии сиёсатмадорон аз санҷиши дуруст ё дурӯғ будани мӯҳтаво озод мешавад ва ин чиз мояи хашми номзадҳои демократ Ҷо Байден ва Элизабет Воррен шуд.

Ҳафтаи гузашта мудири кулли Фейсбук Марк Сукерберг аз ин сиёсат ҳимоят кард ва гуфт, шабакаи иҷтимоӣ роҳҳои тағйирпазири пахши изҳоротро муаррифӣ мекунад, ки имкони саркӯб кардани он вуҷуд надорад. Худи ҳамон рӯз тими таблиғотии Байден тоза кардани як таблиғотеро талаб кард, ки аз ҷониби на шахс, балки гурӯҳе бо номи PAC нашр шуд.

Дар даъвои тими Байден гуфта шуд, маводе, ки дар бораи собиқ муовини президент нашр шудааст, дурӯғ аст.

Кети Ҳарбат, раҳбари сиёсати ҷаҳонии Фейсбук дар робита ба интихоботҳо, дар посух ба ин гуфт, агар як таблиғоти ҳоло ғайрифаъол дубора нашр шавад, он ба бахши сеюми санҷиши фактҳои Фейсбук фиристода мешавад.

Рӯзи душанбе Фейсбук гуфт, таблиғоти банақшагирифтааш дар бораи ин ки даъват ба адами овоздиҳӣ дар интихоботи Амрико манъ аст, фаъол мешавад. Сукерберг дар як конфронс ба хабарнигорон гуфт, чунин монеа дар таблиғоти сиёсатмадорон ҳам гузошта мешавад.

Фейсбук акнун расонаҳои давлатиро дар саҳифаҳояш бо рамзи мушаххас намоиш дода, дар китобхонаи вижаи саҳифа ҳам ин маводро ҷой мекунад.

Баъди он ки чанде пеш расонаҳои давлатии Чин бо интиқод аз эътирозҳои Ҳонгконг маводи таблиғотӣ нашр карданд, Facebook, Twitter ва YouTube, ҳамчунин хадамоти пахши видеоии Alphabet-и Google таҳти танқид қарор гирифтанд. Моҳи октябр кумитаи Сенат, ки дахолати Русия ба интихоботи соли 2016-и Амрикоро таҳқиқ мекунад, гуфт, баъди ин овоздиҳӣ дасти таблиғоти Кремлин дарозтар шуд.

Сукерберг рӯзи душанбе гуфт, "муҳимтарин нукта ин аст, ки баъди аз соли 2016 интихобот шадидан тағйир ёфт ва Фейсбук ҳам инчунин дигар шуд".

Ӯ гуфт, "мо бо ҳамлаҳои хеле моҳиронаи фаннӣ аз ҷониби Русия, Эрон ва Чин рӯ ба рӯ мешавем, вале ман мутмаинам, ки мо назар ба онҳо омодтар ҳастем".

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин дар нишасти хабарии ҳафтагиаш рӯзи сешанбе дар Пекин гуфт, фарзияҳо дар бораи ин ки Чин ба интихоботи Амрико дахолат кардааст, "аблаҳона ва хандаовар мебошад". Ӯ гуфт, агар касе чунин андеша дошта бошад, бояд ин иддаоро исбот кунад.

Чунйин афзуд, "Чин ҳеҷ гоҳ ба дахолат дар умури дохилии кишварҳои дигар манфиатдор нест."

Маскав ва Теҳрон ҳам батакрор ингуна иттиҳомҳоро рад кардаанд.

Фейсбук гуфт, дар баробари пахши таблиғот, харҷи онро ҳам намоиш медиҳад ва ин ҳама дар китобхонаи таблиғоти Фейсбук дида хоҳад шуд.

Ахиран Фейсбук як китобхонаи интернетӣ роҳандозӣ кард, ки дар он таблиғоти сиёсии соли 2018 ҷой дода мешавад, вале бархе мунаққидон гуфтанд, ки сифати ин мавод аз назари мӯҳтаво ва нишонрас буданаш чандон муассир нест.

Ширкат ният дорад, ки ҳифзи саҳифаҳои номзадҳои интихоботӣ дар Фейсбук ва Инстаграм, мақомоти интихобшуда ва аъзои тими онҳоро тавассути барномаи вижае бо номи Facebook Protect ҳимоят кунад, то ки аз ҳамлаҳои рахнагарон ҳифз шаванд.

XS
SM
MD
LG