Сомон Маҳмадбеков, гуштигири шинохтаи тоҷик, пас аз пирӯзӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни варзишгарони то 21-сола дар Марокаш мавқеашро дар раддабандии нави ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ, ки дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, хеле беҳтар намуд.
Сомон дар раддабандии нави ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило 12 зина боло шуд ва бо 2488 имтиёз ба ҷойгоҳи 19-ум баромад. Варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар раддабандии нави ҷаҳонӣ дар ин вазн бо 2549 имтиёз дар зинаи 18-ум қарор дорад.
Дар раддабандии нави ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило Рустам Оруҷов аз Озарбойҷон бо 6405 имтиёз зинаи аввалро касб намудааст. Лаша Шавдатуашвили аз Гурҷистон бо 5333 дар ҷойгоҳи дувум ва Томми Макиас аз Шведсия дар ҷойгоҳи севум қарор доранд.
Сомон дар раддабандии инфиродии олимпӣ дар вазни то 73 кило бо 2060 имтиёз ҷойгоҳи 14-умро ишғол кардааст. Ӯ аз Беҳрӯзи Хоҷазода, ки бо 1978 имтиёз дар ҷойгоҳи 15-ум аст, пеш гузашт.
Дар раддабандии инфиродии олимпӣ дар вазни то 73 кило низ Рустам Оруҷови озарбойҷонӣ бо 3465 имтиёз пешсаф аст. Ҳамватанаш Ҳидоят Ҳайдаров бо 3058 имтиёз мақоми дувумро ишғол намудааст. Шоҳеи Оно аз Ҷопон бо 3000 имтиёз дар ҷойгоҳи севум мебошад.
Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо миёни навҷавонон (juniors) якбора 57 зина боло шуд ва бо 559 имтиёз ба ҷойгоҳи аввал баромад. Мақоми дувумро Виктор Стерпу аз Молдова бо 551 имтиёз азони худ кардааст. Георгий Елбакиеви русиягӣ бо 472 имтиёз дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтааст.
Варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён бошад, дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило бо 2755 имтиёз дар ҷойгоҳи 18-ум ва дар раддабандии инфиродии олимпӣ бо 1138 имтиёз дар ҷойгоҳи 30-юм қарор дорад.
Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 1790 имтиёз ҷойгоҳи 29-ум ва дар раддабандии олимпӣ бо 1373 имтиёз ҷойгоҳи 23-юмро ишғол кардааст.
Шакармамад Мирмамадов дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 955 имтиёз дар ҷойгоҳи 50-ум ва дар раддабандии инфиродии олимпӣ бо 558 имтиёз дар ҷойгоҳи 47-ум мавқеъ дорад.
Саидҷалол Саидов дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 100 кило бо 812 имтиёз ҷойгоҳи 56-ум ва дар раддабандии инфиродии олимпӣ бо 412 имтиёз ҷойгоҳи 61-умро азони худ кардааст.
Акмал Муродов дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 816 имтиёз дар ҷойгоҳи 61-ум ва дар раддабандии инфиродии олимпӣ бо 644 имтиёз дар ҷойгоҳи 49-ум қарор гирифтааст.
Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 то 20-уми майи соли оянда имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар раддабандии инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) моҳи июни соли 2020 раддабандии ниҳоии инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио мешаванд.
Гуштигирони тоҷик то охири мавсими имсола имкон доранд, ки боз дар се мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи мусобиқоти Grand Slam дар Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (24-26-уми октябр), Осакаи Ҷопон (22-24-уми ноябр) ва “Qingdao Masters” (12-14-уми ноябр дар Чин) – ширкат варзида, барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳониву инфиродии олимпӣ кӯшиш намоянд.