Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми як додгоҳи Санкт-Петербург ба ихроҷи 15 муҳоҷири тоҷик


Додгоҳе дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳукми ихроҷи 15 шаҳрванди Тоҷикистонро содир кард. Расонаҳои Русия ба нақл аз манбаъҳои додгоҳӣ дар Санкт-Петербург хабар доданд, ки баррасии парвандаи ин афрод, дар доираи муҳокимаи 36 парвандаи шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр ба гумони нақзи қоидаи будубош дар Русия, гунаҳкор мешуданд.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, парвандаи шуморе аз ин афрод қатъ ва бархе дигар бо ҷарима озод шуданд. 15 нафари боқимонда ба маблағи 5 ҳазор рублӣ ҷарима шуда ва аз қаламрави Русия ихроҷ мешаванд.

Аксари сокинони Тоҷикистон рӯзии худро аз ҳисоби кор дар Русия пайдо мекунанд. Ба баъзе ҳисобҳо беш аз як миллион ва бино ба ҳисобҳои расмӣ ҳудуди ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба ин кишвар сафар мекунанд.

Дар пайи дигаргунӣ дар қонуни муҳоҷират дар чаҳор соли ахир беш 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шуданд ва барои солҳои тӯлонӣ ҳаққи вурудро надоранд.

XS
SM
MD
LG