Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи узбекро дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ карданд


Виктория Баженова, ҳомии ҳуқуқ ва шаҳрванди Узбекистон чанд сол пеш аз кишвар фирор карда, ҳамроҳи модари 85-солааш дар Хонаи собиқадорони шаҳри Алматои Қазоқистон зиндагӣ мекунад.

Ахиран ӯро маҷбур кардаанд, ки барои гузаштан аз санҷиш ба Маркази бемориҳои равонӣ биравад. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки Виктория қонуншиканиҳо дар Хонаи собиқадоронро ба навор гирифта, дар Ютуб нашр кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ мегӯянд, Баженоваро ғайриқонунӣ ва барои ҳомии ҳуқуқ буданаш дар Маркази бемориҳои равонӣ нигаҳ медоранд. Баженова наворро пас аз шикояти батакрори сокинони Хонаи собиқадорон аз шароити худ нашр кардааст.

"Ба назари ман ӯро дар Маркази касалиҳои равонӣ беасос нигаҳ медоранд. Бо тамоми масъулият гуфта метавонам, ки дар рафтори ӯ ҳеҷ гуна нишонаи бемории равонӣ дида намешавад. Вай нушокии спиртӣ наменушад",-изҳор дошт намояндаи Баженова Маржан Аспандиярова.

Виктория Баженова Узбекистонро низ маҳз ба хотири ҳомии ҳуқуқ буданаш тарк кардааст. Ӯ таҳқиқи байналмилалии ҳаводиси хунини Андиҷонро дар соли 2005 талаб карда буд. Вай соли 2014 ҳаққи паноҳандагиро дар Қазоқистон дарёфт кард.

XS
SM
MD
LG