Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба зидди сохтани постгоҳҳои низомии Туркия дар Сурия баромад


Эрон сохтани постгоҳҳои низомии Туркияро дар Сурия рад кард ва гуфт, ки марзҳои миёни ду кишвар бояд риоя карда шаванд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Аббос Мусавӣ дар нишасти хабарии ҳафтаина, ки аз телевизиони давлатӣ пахш мешавад, гуфт, масъалаҳои миёни Сурия ва Туркия бояд “бо роҳи дипломатӣ” ҳал карда шаванд.

Ӯ афзуд: "Мо ба зидди сохтани постгоҳҳои низомии Анқара дар Сурия ҳастем... Пуррагии қаламрави Сурия бояд риоя карда шавад.”

Ҳафтаи гузашта президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон созиш кард, ки ҷанг дар шимоли Сурия муваққатан нигоҳ дошта шавад, то нерӯҳои курд аз минтақаҳои таҳти ҳамлаи низомии Анқара берун шаванд.

Мӯҳлати созиш 22-юми октябр ба поён мерасад. Роҳбарони гурӯҳҳои ниманизомии курди Сурия гуфтанд, агар қувваҳои зери роҳбарии Туркия иҷозат диҳанд, нирӯҳои курд дар минтақа монда, ғайринизомиён шаҳрро тарк кунанд ва онҳо омодаанд нерӯҳои худро аз минтақаи сарҳадӣ дар шимолу шарқи Сурия бароварда, иҷрои шартҳои оташбаси Амрикоро риоя кунанд.

Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу рӯзи 20-уми октябр гуфт, ки Анқара намехоҳад “ягон ҷанговари курд” дар "минтақаҳои бехатар"-и барномарезишудааш монад ва Туркия бо Русия, ки нерӯҳояш барои пуштибонии президенти Сурия Башор Асад меҷанганд, баровардани ҷангиёни гурӯҳҳои курдро аз минтақаҳои Манбиҷ ва Кубонии Сурия баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG