Дар чаҳорумин рӯзи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Бейрут ва чанд шаҳри дигари Лубнон, садҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар рӯзи якшанбеи 20-уми октябр ба кӯчаҳо баромаданд. Бинобар гузоришҳо, дар чаҳор рӯзи гузашта аз ҳама бештар рӯзи якшанбе мардум ба хиёбонҳо рехта буданд.
Тибқи гузоришҳо, Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон дар вокуниш ба эътирозҳои зиддиҳукуматӣ тарҳи ислоҳоти иқтисодиро пешниҳод кардааст. Оқои Ҳарирӣ имрӯз, душанбеи 21-уми октябр ин пешниҳодро ба кобинаи вазирон ироа мекунад.
Ба навиштаи хабаргузории "Франс-Пресс", тарҳи наҷоти иқтисодии Ҳарирӣ аз сӯи тазоҳуркунандагон бо истиқболи гарм рӯбарӯ нашуд ва шумораи зиёде аз онҳо шоми якшанбе дар хиёбонҳо монданд ва мақомҳоро ба "идомаи дурӯғгӯӣ", муттаҳам карданд.
Нахуствазири Лубнон, ки ба аҳзоби шомили ҳукумат то рӯзи душанбе муҳлат дода буд, то роҳҳи ҳалле барои берун рафтан аз бӯҳрони иқтисодии феълӣ пешниҳод кунанд, тарҳи худро рӯзи якшанбе ироа кард.
Бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар рӯзҳои ахир гуфта буданд, ки истеъфои ҳукумат метавонад вазъро бадтар кунад. Бо ин ҳол, раҳбари ҳизби "Нерӯҳои лубнонӣ" шоми шанбе таъкид кард, ки давлат наметавонад вазъро назорат кунад ва чаҳор вазири ин ҳизб аз ҳукумат ба истеъфо мераванд.
Бино ба гузоришҳо, тарҳи ислоҳоти иқтисодии Саъд Ҳарирӣ афзоиши андозҳо дар будҷаи соли ояндаро мамнӯъ мекунад, маоши раиси ҷумҳур, нахуствазир ва дигар мақомҳои баландпояи кишвар нисф мешавад, будҷаи бархе ниҳодҳо коҳиш меёбад ва ҳукумат барои ҳалли мушкили будҷаи соли 2020, аз Бонки марказӣ ва бонкҳои хусусӣ 3,3 миллиард доллар қарз мегирад. Хусусӣ сохтани бахши мухобирот ва алоқа ҳамчунин коҳиши қимати барқ низ аз дигар нуқтаҳои ин тарҳ мебошад.
Хабаргузории "Франс-Пресс" ба нақл аз як мақоми ҳукумати Лубнон гузориш додааст, ки аҳзоби асосии ин кишвар бо тарҳи пешниҳодии Саъд Ҳарирӣ мувофиқат кардаанд. Бинобар ҳамин гузоришҳо, қарор аст субҳи душанбе ҳайати вазирони Лубнон дар ҷаласае бо раёсати президенти он кишвар Мишел Сулаймон дар бораи тарҳи Саъд Ҳарирӣ тасмим бигирад.
Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Лубнон рӯзи панҷшанбе оғоз шуд ва саросари ин кишварро фаро гирифт. Эътирозгарон ба тарҳи ҳукумат барои афзоиши андозҳо ва ҳамчунин фасоди густурда дар ҳукумат, эътироз карданд.