Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устодони самбо аз Тоҷикистон аз қаҳрамонии ҷаҳон бо 4 медал бармегарданд


Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон, ки рӯзҳои 19-20-уми октябр дар шаҳри Лимассоли Қибрис баргузор шуд, бо чаҳор медал (як нуқра ва се биринҷӣ) бармегарданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини сардовари қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон, рӯзи 20-уми октябр аз шаҳри Лимассол хабар дод.

Ин довари маъруфи тоҷик, ки дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон аст, гуфт, "дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон дар Лимассол 315 варзишгари собиқадор аз 20 кишвар мувофиқи синашон дар ҳафт гурӯҳ - 35-39, 40-44, 45-49, 50-54, 55-59, 60-65 ва аз 65-сола боло – аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо - 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг – миёни мардон рақобат карданд".

Ба иттилои Маҳмуд Абдуллоев, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон шаш паҳлавони пуртаҷриба – Сайёд Урфонов (гурӯҳи 35-39-сола, вазни то 68 кг), Ҷамшед Саломов (гурӯҳи 35-39-сола, вазни то 100 кг), Суҳроб Бердиев (гурӯҳи 40-44-сола, вазни беш аз 100 кг), Шариф Қурбонов (гурӯҳи 50-54-сола, вазни беш аз 100 кг), Раҷабалӣ Холов (гурӯҳи аз 65-сола боло, вазни то 82 кг) ва Саттор Сайфиддинов (гурӯҳи аз 65-сола боло, вазни то 100 кг) - ширкат доштанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа се паҳлавони тоҷик рақобат карда, ҳарсе бо медал мукофотонида шуданд. Раҷабалӣ Холов ба гирифтани медали нуқра мушарраф гашт. Ӯ баъди пирӯзӣ дар нимфинал ба Суннат Ортиқов аз Узбекистон ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале Холов қувваозмоии ниҳоиро ба Саид Агаламулӣ аз Қазоқистон бохт ва дар натиҷа мақоми дувумро касб намуд.

Рӯзи шанбе ду нафари дигар – Шариф Қурбонов ва Саттор Сайфиддинов – бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Се варзишгари дигари тоҷик рӯзи якшанбеи 20-уми октябр барои медалҳо мубориза бурданд. Аз байни онҳо Ҷамшед Саломов барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Вале Сайёд Урфонов ва Суҳроб Бердиев дар даври муқаддамотӣ ноком шуда, аз медал бенасиб монданд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони собиқадори тоҷик ҳамасола дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни устодони самбо ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас ноил мешаванд. Чунончи, аз байни шаш паҳлавоне, ки дар рақобатҳо дар Қибрис ширкат дошт, дар мусобиқаҳои пештара Шариф Қурбонов медали тилло, Ҷамшед Саломов, Раҷабалӣ Холов ва Саттор Сайфиддинов медалҳои биринҷӣ ба даст оварда буданд.

XS
SM
MD
LG