Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Амрико аз Сурия ба Ироқ мераванд


Марк Эспер, вазири дифои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико
Марк Эспер, вазири дифои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико

Вазири дифои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ бо берун шудан аз Сурия дар ғарби Ироқ ҷо ба ҷо мешаванд ва ба мубориза зидди ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» идома медиҳанд.

Марк Эспер, вазири дифои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико, ки рӯзи гузашта дар ҷараёни сафараш ба Ховари Миёна дар дохили ҳавопаймо бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, инчунин гуфт, раванди хориҷшавии нерӯҳои амрикоӣ аз шимоли Сурия идома дорад ва ин раванд, на дар чанд ҳафта, балки дар чанд рӯз анҷом меёбад.

Ба гуфтаи ӯ, барнома ин аст, ки нерӯҳои амрикоӣ дар ғарби Ироқ ҷо ба ҷо шаванд ва ду ҳадафи аслиро дунбол кунанд.

«Яқинан рӯйи ин мавзӯъ баҳс хоҳад шуд, ки марҳилаи баъдии иқдоми низомӣ дар мубориза бо гурӯҳи ДИИШ чӣ гуна хоҳад буд. Медонам, ки ин бартарӣ барои ман аст. Дуюм ҳам муҳофизат аз нерӯҳои мо ҳаст, ки аз Сурия берун мешаванд. Аммо бояд рӯйи ҷузъиёт кор кунем. Ҳамин далели аслист, ки ман дар ҷараёни ҳафта бо шариконамон ҳангоми дидор дар миён хоҳам гузошт»,--гуфт ӯ.

Бо онки Ийолоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи ДИИШ-ро дар Ироқ шикастхӯрда эълон карда буд, ҳоло вазири дифои ин кишвар зоҳиран нигаронӣ дорад, ки ин гурӯҳ шояд дубора шакл гирад.

Туркия ду рӯз пеш ба оташбаси муваққат дар шимоли Сурия тавофуқ кард. Дар ҷое, ки дар гузашта нерӯҳои курд машғули мубориза бо ДИИШ буданд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия дар ҷараёни сафари Майк Пенс, муовини президенти Амрико гуфт, ки амалиёти низомӣ дар Сурияро барои панҷ рӯз қатъ мекунанд.

Хабарҳое мерасад, ки оташбас, бо вуҷуди чанд мавриди ками задухӯрд, риоя шудааст .

Бар асоси ин отшабас Туркия мехоҳад, ки нерӯҳои курд аз минтақаи марзӣ дур шаванд.

Туркия амалиёти низомиро бо баҳонаи ба вуҷуд овардани як «минтақаи амн» дар марзи кишвараш дар шимоли Сурия роҳандозӣ кард.

Мақомоти турк мегӯянд, дар ин минтақа паноҳҷӯёни суриягиро, ки ҳоло дар Туркия қарор доранд, ҷо ба ҷо мекунанд.

Даҳ рӯз пеш, Анқара амалиёти низомиро пас аз он оғоз кард, ки Доналд Трамп, президенти Амрико эълон кард, нерӯҳои кишварашро аз ин минтақа берун мекунад.

Мунтақидон ин тасмими Доналд Трампро хиёнат ба неруҳои курд донистанд. Курдҳо ин тасмимиро «корд задан аз пушт» унвон карданд.

Ба қавли мунтақидон, амалиёти низомӣ дар шарқи Сурия эҳтимол ба ҳазорон ҷангҷӯи ДИИШ, ки дар боздоштгоҳҳои зери назорати неруҳои курд қарор доранд, имкони фирор диҳад.

Дар чунин сурат, эҳтимоли дубора фаъол шудани ин гурӯҳи тундрав дар минтақа вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG