Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Эрдуғон ба неруҳои курд: "Минтақаи амн"-ро зудтар тарк кунед


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ба неруҳои курд дар шимоли Сурия ҳушдор дод, ки аз “минтақаи амн” берун раванд, вагарна ба хок яксон мешаванд.

Эрдуғон дар суханронии телевизионии худ гуфт, ки курдҳо бояд ба асоси муомила бо миёнаравиии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар зудтарин фурсат аз минтақа хориҷ шаванд.

Ӯ гуфт, ки агар дар муҳлати муқарраршуда минтақа холӣ нашавад, “сари террористонро хурд хоҳад кард”.

Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта дар Туркия буд ва аз Эрдуғон хост, ки оташбас эълон кунад.

Ӯ рӯзи панҷашнбе гуфта буд, ки Туркия бо барқарории оташбаси панҷрӯза барои ақибнишинии ниманизомиёни курд то 32-километрии дохили хоки Сурия мувофиқат кардааст.

Эрдуғон гуфт, ки ин мавзуро ҳафтаи оянда дар дидор бо Владимир Путин, президенти Русия низ баҳс хоҳад кард.

Бо вуҷуди эълони оташбаси панҷрӯза ҷонибҳои даргир якдигарро ба нақзи он муттаҳам мекунанд.

Туркия ниманизомиёни курд – Ягонаҳои мудофеи халқро “террорист” мехонад ва бо таъкид ба фосилаи аз 30 то 35-километрии ин гурӯҳ аз марзҳояш, минтақаи амнро эҷод мекунад. Раиси ҷумҳури Туркия дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа дар Истанбул ба давлати Сурия ҳушдор дод, ки агар дар ин минтақа хатое кунад, бо посухи Туркия рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар ҷанги ҳаштсолаи Сурия миллионҳо нафар бехонаву дар шудаанд, ки беш аз 3 миллиони он дар Туркия ҳастанд.

XS
SM
MD
LG