Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафни 69 қурбонии ҳамла ба масҷиди Чодарӣ дар шарқи Афғонистон


Рӯзи 19-уми октябр маросими дафни даҳҳо қурбонии ҳамлаи маргбор ба масҷиди Чодарӣ дар вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон, баргузор шуд. Суҳроб Қодирӣ, узви Шӯрои вилоятии Нангарҳор, гуфт, дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа дастикам 69 нафар кушта шудаанд. Вай афзуд, "ҷасади ҳамаи онҳоро, бо шумули кӯдакону пиронсолон, ба наздиконашон супурдем. Ҷасади бисёре дар зери харобаҳо мондааст", -- гуфт Қодирӣ.

То ба ҳол ҳеч гуруҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Дар шарқи Афғонистон, бахусус вилояти Нангарҳор, ҳам Толибон ва ҳам гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳузури фаъол доранд. Сухангӯи Толибон дар баёнияе ҳамла дар Нангарҳорро маҳкум кард ва онро “ҷинояти ҷиддӣ” номид.

Сафири Амрико дар Афғонистон дар Твиттер ҳамла ба зидди намозгузоронро бераҳмӣ хонд ва гуфт, “ҳамаи афғонҳо ҳақ доранд, ки дар амният зиндагӣ ва ибодат кунанд.”

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ҳамла ҳадаф дошт, ки умедҳоро барои барқарории сулҳ дар Афғонистон зери соя бибарад.

Гулобистони 45-сола яке аз маҷруҳони ҳодиса аст. Вай ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, таркиш замоне рух дод, ки масҷид пур аз намозгузорон буд.

Ҳамла ба масҷиди Чодарӣ дар вилояти Нангарҳор баъд аз он сурат гирифт, ки Созмони Милали Муттаҳид шумораи ғайринизомиёни кушташуда дар тобистони имсол дар кишвари ҷангзадаро бесобиқа донист. Дар гузорише, ки рӯзи 17-уми октябр нашр шуд, Созмони Милал гуфт, дар моҳҳои июл-сентябри имсол дар Афғонистон 1174 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG