Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик бошӣ, дашном медиҳанд ва гирифта мебаранд". ВИДЕО


Мушкили муҳоҷирон дар Русия ва суҳбатҳо дар бораи қабул шудан ё нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё аз мавзӯҳои барномаи "Озодӣ Онлайн" аст.

Зоҳиран ин ҳафта ҳафтаи кашокашу бурдану овардани муҳоҷирон дар Русия буд ва бисёре аз видеоҳоеро, ки корбарон фиристоданд, ҳаминро нишон медод. Корбаре бо номи Иброҳим аз ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петербург навореро фиристод ва шикоят кард, ки маъмурони милисаи Русия ҳар рӯз бо онҳо чунин рафтор мекунанд.

Иброҳим гуфт, "меоянд, мепурсанд, шаҳрванди Тоҷикистон ҳастӣ, модаратро дашном медиҳанд ва бе ҳеҷ сабаб гирифта мебаранд". Ба қавли Иброҳим "ҳоло санадро меорам, гӯӣ, мезананд ва пул меситонанд".

Зоҳиран толеи ду муҳоҷири тоҷики дигар, ки видеояшонро дар барнома мебинед, баландӣ кард, ки афсари пулиси рус баъди тафтиши санад онҳоро ҷавоб дод. Аммо муаллифи видео мегӯяд, "рафтори пулис ғайриқонунӣ буд".

Бачаҳое, ки видеоҳояшонро дар ин барнома надиданд, ноумеду нороҳат нашаванд, чун ҳафтаи оянда ҳатман дар "Озодӣ Онлайн" мегузорем.

Идомаи суҳбат ҳам ба зиндагии муҳоҷирон робита дорад ва ба масъалаи онки оё Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамроҳ мешавад, ё не. Як гузориш дар ин бора баҳси зиёдеро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук барангехт.

Хушрӯз Ориён навиштааст, "Русия дурӯғ мегӯяд. Дар ивази нигаҳ доштани пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон ваъда дода буд, ки ба муҳоҷирон сабукӣ медиҳад, аммо баъди имзои созишнома онро фаромӯш кард. Шароити муҳоҷирони тоҷик бадтар шуд."

Фирдавс Назаров гуфтааст, "Тоҷикистон бояд барвақт ба ин иттиҳод дохил мешуд, аммо баъзе афроди доно халал расонданд". Умедҷон Бобоев ҳам гуфтааст, "ба фоидаи халқ аст".

Фахрӣ Холиқов зоҳиран мухолифи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ба раҳбарии Русия аст ва навиштааст, "дар Русия миллати аз ҳама беқадр тоҷик аст. Мо аз дасти инҳо халос шуда, нав соҳиби давлат шудем ва акнун аз манфиатҳои миллӣ бояд даст кашем?"

"Тоҷик бошӣ, модаратро дашном медиҳанд ва гирифта мебаранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Шумо чӣ мегӯед? Нависед, дар видео сабт карда фиристед, то садоятонро бишнаванд. Рӯзи хубе дошта бошед ва то дидор дар барномаҳои дигар. Худо нигаҳдор.

XS
SM
MD
LG