Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи устодони самбо аз Тоҷикистон барои медалҳои қаҳрамонии ҷаҳон


Маҳмуд Абдуллоев, муовини сардовари мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни устодон.
Маҳмуд Абдуллоев, муовини сардовари мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни устодон.

Рӯзҳои 19-20-уми октябр дар шаҳри Лимассоли Қибрис мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон баргузор мешавад, ки дар рақобатҳо шаш нафар паҳлавонони тоҷик низ ширкат меварзанд.

Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоевро муовини сардовари мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни устодон таъйин намудааст.

Ин довари маъруф, ки раиси комиссиюни доварони Иттиҳоди самбои Осиё мебошад, соли гузашта дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Касабланкаи Марокаш вазифаи сардоварро ба зимма дошт.

Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 18-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон дар Лимассол варзишгарони собиқадор мувофиқи синашон дар ҳафт гурӯҳ - 35-39, 40-44, 45-49, 50-54, 55-59, 60-65 ва аз 65-сола боло – аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо - 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг – миёни мардон рақобат мекунанд.

Ба иттилои ӯ, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон шаш паҳлавони пуртаҷриба – Сайёд Урфонов (гурӯҳи 35-39-сола, вазни то 68 кг), Ҷамшед Саломов (гурӯҳи 35-39-сола, вазни то 100 кг), Суҳроб Бердиев (гурӯҳи 40-44-сола, вазни беш аз 100 кг), Шариф Қурбонов (гурӯҳи 50-54-сола, вазни беш аз 100 кг), Раҷабалӣ Холов (гурӯҳи аз 65-сола боло, вазни то 82 кг) ва Саттор Сайфиддинов (гурӯҳи аз 65-сола боло, вазни то 100 кг) ширкат меварзанд.

“Бояд гуфт, ки варзишгарони собиқадори тоҷик ҳамасола дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни устодони самбо ширкат варзида, ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд. Чунончи, аз байни шаш паҳлавоне, ки дар Қибрис барои ҷоизаҳо мубориза хоҳанд бурд, аз ин пеш Шариф Қурбонов медали тилло, Ҷамшед Саломов, Раҷабалӣ Холов ва Саттор Сайфиддинов медалҳои биринҷӣ ба даст овардаанд. Ин дафъа ҳам мо аз паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни устодони самбо натиҷаҳои баландро чашмдорем”, - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

Барномаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон дар Лимассоли Қибрис

19-уми октябр (шанбе): гурӯҳҳои 50-54, 55-59, 60-64, аз 65-сола боло дар вазнҳои 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг.

20-уми октябр (якшанбе): гурӯҳҳои 35-39, 40-44, 45-49-сола дар вазнҳои 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг.

XS
SM
MD
LG