Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Замоне дар Шанхай" - мустанаде аз Лайлӣ Ғафурӣ дар бораи тангкӯчаҳои Боку. ВИДЕО


Лайлӣ Ғафурӣ.
Лайлӣ Ғафурӣ.

Лайлӣ Ғафурӣ, коргардони ҷавони озарбойҷонӣ бо мустанади "Замоне дар Шанхай", дар озмуни байналмилалии "Дидор" дар Душанбе, иштирок дорад. Ин ҷашнвора аз 16 то 20 октябр идома мекунад.

Лайлӣ Ғафурӣ, ки таҳсилдидаи донишкадаи филмсозии Белгия аст, мегӯяд, идеяи таҳияи ин филм замоне ба сараш омад, ки як коргардони олмонӣ барои сабти филми ҳунарӣ дар кӯчаҳои Боку аз ӯ мадад хост.

Ин кӯчаи Бокуро, ки Лайлӣ Ғафурӣ дар филм меҳвар қарор додааст, "Шанхай" мегӯянд ва дорои тангкӯчаҳоест, ки аз байнашон қатора мегузарад ва ба зиндагии мардум халал мерасонад.

"Замоне дар Шанхай" дар фестивали "Дидор"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Мегӯяд, бо назардошти он, ки шаҳри Боку дигаргун мешавад ва чунин кӯчаҳо тахриб мешаванд, хостааст филме бардорад ва барои наслҳои оянда чеҳраи имрӯзи Бокуро боқӣ гузорад.

Филми "Замоне дар Шанхай"-ро дар толори синамои "Зебуниссо" ба намоиш гузоштанд. Забони филм озарӣ аст ва бо сатри равон бо забони англисӣ тарҷума шудааст. Бинандагон филмро хуб пазируфтанд.

Саъдулло Раҳимов, барномасози "Дидор" мегӯяд, Лайлӣ Ғафурова филми "Замоне дар Шанхай"-ро бо маҳорати баланди коргардонӣ сабт кардааст.

Лайлӣ Ғафурова рӯзи 17-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то ду рӯзи дигар дар Душанбе мемонад ва мехоҳад бо зиндагии мардуми тоҷик ошно шавадӯ хӯрокҳои тоҷикиро бичашад.

XS
SM
MD
LG