Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) субҳи имрӯз, 17-уми октябр, барои ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ба Истамбули Туркия парвоз кард ва аз онҷо ба Сан-Паулуи Бразилия меравад.

Ба дархости ниҳоии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 21 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар - дохил аст.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019, ки аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун рақобат мекунад.

Футболбозони навраси тоҷик дар даври аввал дар гурӯҳи худ 28-уми октябр бо мунтахаби Камерун рӯбарӯ мешаванд. Ин бозӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 04:00, 29-уми октябр бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Бозии дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон 31-уми октябр (01:00, 1-уми ноябр бо вақти Душанбе) муқобили мунтахаби Испания доир мегардад.

Наврасони тоҷик дар даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ 3-юми ноябр (01:00, 4-уми ноябр бо вақти Душанбе) бо мунтахаби Аргентина вориди рақобат мешаванд.

Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade» дар шаҳри Кариасикаи Бразилия барпо мегарданд.

Аз рӯи натиҷагирии қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 24 даста ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севум ба марҳилаи баъдии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 роҳ пайдо мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳар ду аз «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Исроил Холов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарифов, Меҳробҷон Азимов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳам аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ - Зайниддин Раҳимов.

XS
SM
MD
LG