Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси дастгоҳи ҳокимияти Мастчоҳ дар як амалиёти вижа


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кормандони Оҷонсии зидди фасод рӯзи 15-уми октябр дар як амалиёти вижа роҳбари дастгоҳи ҳокимияти ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммад Идизодаро бо гумони гирифтани ришва боздошт кардаанд. Наздикони ӯ мегӯянд, номбурда ҳамагӣ ним сол пеш ба ин мақом таъйин шуда, дасти пок дошт ва ин боздошт зимни туҳмат анҷом ёфтааст.

Аммо як манбаъ дар Оҷонсии зидди фасод гуфт, Муҳаммад Идизода бар пояи баёноти як шаҳрванд боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як шоҳиди воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти кормандони Оҷонсии зидди фасод бо дуруштӣ ва зиёдаравӣ ҷараён ёфта, дар оғози он чанд нафар аз кормандони дастгоҳ ва корафтодагоне, ки ба идораи ҳокимияти ноҳия омада буданд, боздошт шудаанд.

"Сипас баъди дастгир шудани роҳбари дастгоҳ дигарон раҳо гардиданд ва М. Идизодаро дар коргоҳаш як муддат бозпурсӣ карданд. Вай дар гирифтани пора дар ҳаҷми калон муттаҳам гашта, боздошт ва ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд", -- афзуд мусоҳиби мо.

Намояндаи Оҷонсии зидди фасод, ба шарти ифшо нашудани номаш ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, дар боздошти Муҳаммад Идизода 11 корманди ин ниҳод иштирок кардаанд, аммо зиёдравие аз ҷониби онҳо сурат нагирифтааст.

Намояндаи оҷонсӣ аз баёни тафсилоти бештар худдорӣ намуд ва ҳамчунин нагуфт, ки боздоштшуда ба гирифтани чӣ миқдор ришва гумонбар мешавад. Вале шоҳиди воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, гумон меравад, Муҳаммад Идизода ҳангоми гирифтани 25 000 сомонӣ пора боздошт шудааст.

Ин дувумин мавриди боздошти мансабдорони ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар як соли охир аст. Се моҳ пеш мудири шуъбаи рушди иҷтимоии ҳукумати ин ноҳия бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG