Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Арабистони Саудӣ даҳҳо қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд


Раиси ҷумҳури Русия ва подшоҳи Арабистони Саудӣ дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Риёз, ҳудуди 20 созишномаи чандмиллиарддолларӣ имзо карданд.

Ин созишномаҳо рӯзи душанбеи 14-уми октябр ба имзо расид ва шомили тиҷорат, сармоягузорӣ дар бахшҳои фазоӣ, фарҳанг, беҳдошт, технологияи пешрафта ва зироат мебошад. Кремл гуфт, ҳадафи сафари Путин ҷалби сармоя ба Русия аст.

Сафари Владимир Путин ба Арабистони Саудӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳо дар минтақа рӯ ба афзоиш аст. Маскав аз муттаҳидони аслии Эрон -- рақиби суннатии Арабистони Саудӣ ба шумор меравад. Русия дар айни ҳол робитаҳои худ бо Арабистони Саудиро низ густариш дод ва сафари оқои Путин низ дар ҳамин росто арзёбӣ мешавад.

Шоҳзода Абдулазиз бин Салмон, вазири энержии Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки Риёз ва Маскав бар сари "тақвият"-и робитаҳои гурӯҳи маъруф ба "ОПЕК", ба созиш расиданд. Ин тавофуқ миёни Арабистони Саудӣ ва Русия бар сари шеваи тавлиди нафт ва коҳиши мизони он, ба ҳадафи назорати нархи ин манбаи энержӣ анҷом мешавад. Ин ду кишвар дар канори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, муҳимтарин тавлидкунандаи нафти ҷаҳон ҳастанд.

Дар баёнияе, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия нашр кард, оқои Путин дар мулоқот бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ аз тарҳи муштараки сармоягузории хориҷӣ ба маблағи 10 миллиард доллар дар Русия, хабар додааст.

Владимир Путин дар ҷараёни сафари худ гуфтааст, ҳукумати ӯ "аҳамияти вижае барои рушди робитаҳои дӯстона ва манфиатҳои муштарак бо Арабистони Саудӣ қоил аст". Путин дар мулоқот бо валиаҳди Саудӣ низ таъкид кардааст, ки ҳадаф аз ҳамкориҳои ду кишвар, "тақвияти сулҳу субот дар минтақа" аст.

Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ низ гуфтааст, ки Риёз "дар ҳар мавриде, ки ба субот, амният ва сулҳ кӯмак кунад, ба мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм кӯмак кунад ва ба рушди иқтисод ёрӣ бирасонад", бо Маскав ҳамкорӣ мекунад.

Нахустин сафари Путин аз Арабистони Саудӣ дар соли 2007 сурат гирифт. Нахустин сафари подшоҳ Салмон бин Абдулазиз ба Русия дар соли 2017 анҷом шуд.

Раиси ҷумҳури Русия пас аз Арабистони Саудӣ роҳии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG