Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 медали варзишгарони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон ва навҷавонон, ки рӯзҳои 11-13-уми октябр дар Тошканди Узбекистон баргузор шуд, 6 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон ва навҷавонон, ки дар маҷмааи варзишии «Узбекистон» се рӯз идома ёфт, 370 варзишгар аз 29 кишвар -Арманистон, Бангладеш, Беларус, Булғористон, Венесуэла, Гурҷистон, Индонезия, Испания, Колумбия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Марокаш, Мексика, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Руминия, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Фаронса, Филиппин, Ҷумҳурии Доминикан ва Юнон ширкат дошт. Рақобатҳо дар чаҳор гурӯҳ миёни писарону духтарони синашон то 18 ва то 20-сола сурат гирифт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 16 варзишгар шомил буд, ки 9 нафарашон дар мусобиқаи наврасон ва 7 нафар дар рақобатҳо миёни навҷавонон ширкат варзиданд.

Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев аз Тоҷикистон, ки рақобатҳои ин мусобиқоти ҷаҳониро ҳакамӣ кард, имрӯз, 14-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Тошканд соҳиби шаш медал шуданд, ки яктоаш нишони тиллоист.

Ба иттилои ӯ, медали тиллоро ба мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадшариф Наҷмиддинов овард. Вай дар рақобатҳо миёни навҷавонон дар вазни то 74 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, мақоми аввалро касб намуд. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Егор Сухопарови русиягиро шикаст дод.

Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи навҷавонон боз ду медали нуқра ва як медали биринҷӣ гирифтанд. Аминҷон Холов дар вазни то 48 кило бо медаи нуқра мукофотонида шуд. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Гиорги Мехришвили (Гурҷистон) мағлуб гашт ва ҷойи дувумро азони худ кард.

Медали дувуми нуқра ба Сомон Сангов марбут аст. Ӯ дар вазни то 52 кило ба финал баромад, вале қувваозмоии ниҳоиро ба Йерассил Бакит (Қазоқистон) бохт ва дар натиҷа ҷойи дувумро соҳиб шуд.

Гуштигири дигари тоҷик Субҳиддин Халилзода дар мусобиқаи навҷавонон дар вазни то 70 кило барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Ду медали дигари биринҷиро варзишгарони тоҷик дар сабқати наврасон миёни писарон ба даст оварданд. Бузургмеҳр Исоев дар вазни то 60 кило ва Муҳаммадҷон Одинаев дар вазни то 87 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Натоиҷи мусобиқаи дастаӣ миёни наврасон

Духтарон

1. Русия

2. Узбекистон

3. Украина

Писарон

1. Русия

2. Узбекистон

3. Қазоқистон

Натоиҷи мусобиқаи дастаӣ миёни навҷавонон

Духтарон

1. Русия

2. Муғулистон

3. Узбекистон

Писарон

1. Русия

2. Гурҷистон

3. Қазоқистон

XS
SM
MD
LG