Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хонаву замин, аммо бо ду санад ва ду соҳиб. Ҳақ бо кист?


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе ба сокини пойтахт Раҷабмоҳ Абдушаҳидова як ҳафта муҳлат додаанд, ки манзили зисташро холӣ кунад. Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, дар он ҷо сохтмони маҷмааи варзишӣ пешбинӣ шудааст, вале ба Раҷабмоҳ Абдушаҳидова ва хонаводааш ҳеч ҷуброн пардохт нахоҳад шуд.

Додгоҳ шавҳари ин зан Қурбоналӣ Афғоновро ҳамчун молики хона эътироф накардааст. "Додгоҳи ноҳияи Сино қарор содир кард, ки бе пардохти ҷуброн ва додани хона дар ҷойи дигар, мо манзиламонро тарк кунем. Фикр накарданд, ки ман бо ин қадар фарзанд ба куҷо меравам", -- гуфт Абдушаҳидова рӯзи 14-уми октябр.

Додгоҳи ноҳияи Сино қарор кардааст, ки ин хона ба соҳибкор Акбар Судуров тааллуқ дорад. Худи соҳибкор ба Радиои Озодӣ гуфт, сухан дар бораи на танҳо манзил, балки 21 сотих замин низ меравад. Судуров афзуд, онҳо ҳуҷҷатҳои расмии макони баҳсиро доранд, ки ба номи тағояш Аюб Бурҳонов сабт шудааст.

"Шавҳари ин зан дар соли 1998 ин маконро, ки он вақт танҳо нуқтаи таъмири мошинҳо буд, бо зӯрӣ аз дасти мо гирифта, ҳуҷҷати қалбакӣ сохтааст," -- иддао дорад ӯ.

Чунин иддаоро Қурбоналӣ Афғонов, шавҳари Раҷабмоҳ Абдушаҳидова, беасос хонда, дар ҳаққи худ туҳмат номид. Ҳамин тавр, ду ҷониб дар мавриди ҳақ будани худ санадҳоеро бо муҳри идораҳои гуногуни давлатӣ рӯйи даст доранд.

Қурбоналӣ Афғонов, шавҳари Раҷабмоҳ Абдушаҳидова, чанд санади расмӣ, аз ҷумла сертификати истифодаи замин, қарори ҷудо намудани 21 сотих замин ва шиносномаи техникиии ҳавлиро нишон дод, ки ба қавли худаш бо ин ҳуҷҷатҳо соҳибмулк буданаш пурра собит мешавад. Ӯ мегӯяд, 20 сол боз дар ин хона зиндагӣ дорад ва касе ҳақ надорад, онҳоро пеш кунад.

Соҳибкор Акбар Судуров ҳам чанд санад, аз қабили қарор дар бораи ҷудо намудани замину сертификати истифодаи онро нишон дод. Маълум нест, ҳарду тараф санадҳои якхеларо чӣ гуна аз идораҳои давлатӣ ба даст овардаанд, вале баҳори имсол додгоҳ санадҳои Абдушаҳидова ва хонаводаашро беэътибор донистааст.

Ҳарду ҷониб мегӯянд, баҳсашон 14 сол боз давом дорад ва Додгоҳи ноҳияи Сино дар охир қазияро ба фоидаи соҳибкор ҳал намуд. Дар ҳукми додгоҳ ҳеҷ гуна ҷуброн ва ё пешниҳоди манзиле барои хонаводаи Афғоновҳо пешбинӣ нашудааст. Ин хонавода ҳукмро ноодилона арзёбӣ намудаанд, вале дар додгоҳ ҳукмро дар доираи қонун медонанд.

Ҳамсари Афғонов иброз дошт, ки "бо ҳуҷҷатҳои асосии манзил ва нуқтаи таъмири мошин ба ниҳодҳое ба мисли Додситонии кул, ҳукумати шаҳри Душанбе ва Додгоҳи олӣ борҳо муроҷиат намуд, ки мусоидат кунанд, то бо фарзандонаш дар кӯча намонад, вале натиҷа надод."

Раҷабмоҳ Абдушаҳидова гуфт, дар гузашта ҳам, баъд аз солҳои 2000-ум Акбар Судуров бо тағояш талош намуда будааст, нуқтаи таъмири мошин ва манзили онҳоро ба воситаи додгоҳ тахриб кунанд, вале он замон додгоҳ ариза ва санадҳои пешниҳоднамудаи соҳибкорро беасос ва беэътибор донистааст.

Ба қавли Акбар Судуров, дар даъвои пешинаашон баъзе ҳуҷҷатҳои заруриро рӯйи даст надоштааст ва бо гузашти вақт, онҳоро пайдо намуда, ба додгоҳ пешниҳод намудааст.

Ҳарчанд Абдушаҳидова мегӯяд, розиянд бо ҷуброни маблағ ё додани манзиле дар як гӯшаи шаҳр хонаашонро тарк намоянд, Акбар Судуров мегӯяд, хона ё маблағе намедиҳад, чун барои ин ҳеҷ асос вуҷуд надорад.

Баҳси замину хона дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ аст ва додгоҳҳои кишвар ҳар рӯз тақрибан ба ин монанд парвандаҳоро баррасӣ мекунанд. Баъзеҳо иддао доранд, ки замину хонаашонро беасос гирифтаанд, дигарон шикоят мекунанд, ки хонаашон ноодилона вайрон мешавад.

Баъзан додгоҳҳо низ наметавонанд баҳси хонаву заминро мувофиқи табъи дили даъвогарон ҳал кунанд ва он ба муноқишаву занозанӣ ва хунрезӣ кашида мешавад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG