Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи маргбори пулиси узбек ҳангоми фирор аз ҳамкоронаш


Нозири Идораи пулиси вилояти Фарғонаи Узбекистон А.Э., ки 26 сентябр бо мошини хидматияш сокини 52-солаи ноҳияи Риштон Гавҳар Раҳимоваро пахш карда, ба қатл расонда буд, ҳанӯз ҳам дар мақомаш ифои вазифа дорад

Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти умури дохилии Фарғона, нозир Раҳимоваро ҳангоми фирор аз маъмурони амнияти дохилии Идораи пулиси вилоят пахш кардааст. Он рӯз рейди боздошти кормандони пулисе ҷараён дошт, ки дар ҳолати мастӣ ифои вазифа мекунанд.

Намояндаи додситонии вилояти Фарғона гуфт, дар робита ба садама бо иштироки лейтенант А. Э. парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Як манбаъ дар Идораи пулиси Фарғона ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, лейтенант бо вуҷуди боз шудани парвандаи ҷиноӣ ҳанӯз ҳам дар мақоми худ ифои вазифа мекунад.

Ба гуфтаи ин афсар, раҳбарияти Идораи пулиси Фарғона Вазорати умури дохилӣ ва маъмурияти президенти Узбекистонро аз рух додани садама бо иштироки корманди худ огаҳ накардааст, ки хилофи қоидаи мақомоти умури дохилӣ шумурда мешавад.

Дар Идораи пулиси Фарғона тасдиқ карданд, ки бо иштироки корманди онҳо 26 сентябр садама рух додааст, вале гуфтанд, ки "лейтенант ҳеч гоҳ нушокии спиртӣ наменӯшид".

Бахши узбекии Радиои Озодӣ тавонист бо худи лейтенант суҳбат кунад. Нозири узбек гуфт, худро дар ин садама гунаҳкор намеҳисобад ва умедвор аст, додгоҳ қарори одилона содир меунад.

Ба огаҳии додситонии Фарғона, зидди нозир бар асоси банди "Аз беэҳтиётӣ ба қатл расондан" айб эълом шуда, дар сурати исбот ба ӯ 2 соли корҳои ислоҳӣ ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 3 сол таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG