Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Андиҷон мехостанд, латту кӯби хонандаро пинҳон кунанд


Дар шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон видеои шикояти хонандае нашр шуд, ки мегӯяд, ӯро як омӯзгор латту кӯб кардааст. Ин ҳодиса як ҳафта пеш дар мактаби рақами 30-и ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон рух додааст.

Дар видео нафаре аз кӯдак сабаби гиряашро мепурсад ва ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки бо як ҳамсабақи худ ҷанҷол карданд ва омӯзгор танҳо ӯро муҷозот намуд. "Муаллима ба рӯям ду бор зад",-мегӯяд хонанда.

Зоҳиран кӯдак аз хонаводаи камбизоат аст ва худи ӯ низ дар навор мегӯяд, ки ҳангоми ҷанҷол ягона шими мактабияш дарид. Кӯдак ҳамчунин шикоят мекунад, ки омӯзгор ҳамеша ӯро таҳқир мекунад.

"Муаллим ҳамеша маро таҳқир карда, "саги безот" мегӯяд. Ӯ чӣ ҳақ дорад, ки маро дашном медиҳад ва латту кӯб мекунад? Дигар хоҳиши иштирок дар дарси ҷуғрофиёро надорам",-меафзояд хонанда.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум кард, ки ҳодиса дар мактаби рақами 30-и Асака рух дода, кӯдак дар синфи 7-ум мехонад. Яке аз кормандони мактаби мазкур, ки аз қазия огаҳ аст, гуфт, ҳодиса як ҳафта пеш дар дарси ҷуғрофиё рух додааст.

"Дар рафти дарс ду хонанда ҷанҷол мекунанд ва омӯзгор яке аз онҳоро ду шапотӣ мезанад. Вақтҳои ахир шикоят аз болои омӯзгори фанни ҷуғрофиё зиёд шудааст",-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мудири мактаби рақами 30 Гулчеҳра Мирзоахмедова рух додани ҳодиса дар муассисаи таълимии зери раҳбарияшро тасдиқ кард. "Ҳамин ҳоло видеоро тамошо ва омӯзгору волидони кӯдакро даъват кардам. Ин масъаларо ҳал мекунем. Шумо дертар ба ман занг занед",-изҳор дошт мудир. Вале баъдан ба зангҳои мо дигар ҷавоб надод.

XS
SM
MD
LG