Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуристонӣ: "Комиссияи мустақили интихобот зери фишори номзадҳо аст"


Мақомоти Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯянд, ки аз сӯи шуморе аз номзадҳои интихоботи президентӣ бар ин комиссия фишор оварда мешавад, то натиҷаҳои интихоботро зуд эълон кунад.

Ҳаво Нуристонӣ, раиси ин комиссия шаби гузашта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ мақомҳои НАТО ва Бритониё дар Кобул хостааст, ки аз номзадҳо бихоҳанд, то бар ин комиссия фишор наоранд.

Николас Кей, намояндаи мулкии НАТО дар Афғонистон ва Алисон Блек, сафири Бритониё дар Кобул рӯзи якшанбе ба Комиссияи мустақили Афғонистон рафтанд ва бо мақомҳои он гуфтугӯ карданд.

Ҳаво Нуристонӣ гуфтааст, аз ин ду мақом хостанд монеи фишорҳо шаванд. Аммо хонум Нуристонӣ нагуфт, ки кадоме аз номзадҳо ба Комиссияи мустақили интихоботӣ фишор овардаанд.

"Мо аз онҳо (намояндаи НАТО ва сафири Бритониё) хостем, ки аз номзадҳо бихоҳанд, ки болои мо зиёд фишор наоранд ва саросемагӣ накунанд ва нагӯянд, зудтар натиҷаҳо эълон шавад. Мо ҷадвали замонӣ дорем ва тибқи он пеш меравем. Аз сӯи таҳлилгарон ва номзадҳо бар мо хеле фишор аст, ки зуд кунед ва зуд кунед".

Николас Кей пас аз дидор аз Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар "Твиттер"-и худ навишт, "Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон бо ҷиддият кор мекунад, то итминон ҳосил шавад, ки раъйҳои муътабар ба таври дақиқ шуморида мешавад". Ӯ дар идома гуфтааст, "саросемагӣ даркор нест". Алисон Блек, сафири Бритониё низ пас аз ин дидор гуфтааст, дар корҳои Комиссияи мустақили интихобот бояд мудохила нашавад.

Ҳаво Нуристонӣ мегӯяд, ин мақомҳо аз корҳои Комиссияи мустақили интихобот ситоиш кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, Блек ва Кей афзудаанд, ки комиссияи бетарафии худро ҳифз кунад ва кори худро ба таври шаффоф анҷом диҳад.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Амрико дар Кобул, ки кормандонаш рӯзи 8-уми октябр аз Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дидан кардаанд, гуфтааст, ки ҳеҷ ҷое барои тақаллуб дар интихоботи Афғонистон вуҷуд надорад.

Аммо шуморе аз тимҳои интихоботи аз кори Комиссияи мустақили интихобот ба таври комил розӣ нестанд. Фазл Аҳмад Маънавӣ, узви дастаи интихоботии "Субот ва ҳамгироӣ" ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи душанбе раванди баррасӣ ва шумориши раъйҳоро бисёр оҳиста хонд.

Ӯ гуфт, "гоҳе баҳонаи заъиф будани интернет матраҳ мешавад, гоҳе мушкилро техникӣ вонамуд мекунанд. Ҳар далели дигаре, ки бошад, метавонад шаку тардидҳоро эҷод кунад, ки чаро ин масъала ин қадар суст аст ва ба таъхир андохта шудааст".

Ҳабибуллоҳ Нанг, дабири кулли Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, бинобар набудани нозирон, кори комиссия 3 рӯз ба таъхир афтодааст. Ӯ афзуд, то кунун 50 дарсади раъйҳо баррасӣ ва шуморида шудааст.

Қарор аст Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон натиҷаҳои ибтидоии интихоботро се ҳафта баъд аз баргузории ин маърака эълон кунад. Интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 28-уми сентябр баргузор шуд.

Дар интихоботи президентии соли 2019-и Афғонистон 17 нафар барои курсии президентӣ мубориза бурданд, ки дар миёни он раиси ҷумҳури барҳол Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроя Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ ҳастанд.

Ин чаҳорумин интихоботи президентӣ дар Афғонистон пас аз сарнагунии режими Толибон дар соли 2001 буд.

XS
SM
MD
LG