Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко


Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, президентҳои Тоҷикистон ва Белорус ба густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар арсаҳои гуногун таъкид кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки рӯзи 5-уми октябр сурат гирифтааст, президентҳои ду кишвар "ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи минтақивию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд".

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Белорус ҳам мегӯяд, ки сарони ду кишвар аз сатҳи ҳамкориҳои муваффақ дар арсаҳои гуногун изҳори ризоят намудаанд. Ин манбаъ мегӯяд, ки Лукашенко оқои Раҳмонро ба муносибати зодрузаш табрик гуфтааст.

Гуфтугӯи сарони Тоҷикистон ва Белорус дар ҳоле сурат мегирад, ки аз чанд рӯз ба ин тараф як фаъоли сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Белорус дар боздошт қарор дорад.

Мақомоти Белорус рӯзи 25-уми сентябр Фарҳод Одинаевро дар гузаргоҳи марзии "Каменный Лог", воқеъ дар сарҳади Литва ва Белорус боздошт карданд. Ӯ барои ширкат дар машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон роҳии Варшава буд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан дар нома ё дархости худ ба ҷониби Беларус, Фарҳод Одинаевро ба "иштироку сармоягузорӣ ва таблиғи фаъолияти ифротгароӣ" муттаҳам карда буданд. Онҳо гуфтаанд, ки парвандаи зидди Одинаев моҳи октябри соли 2018 кушода шудааст. Вале намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷа мегӯянд, Фарҳод Одинаев чанд сол боз аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашида, дар Маскав "зиндагии ором" дошт.

XS
SM
MD
LG