Шумораи қурбониёни эътирозоти хушунатбори чанд рӯзи охир дар Ироқ наздики сад нафар ҳисоб шудааст.
Хабаргузории Фаронса рӯзи шанбе бо такя ба манобеи худ шумораи қурбониёнро 93 нафар эълон кард.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, мушаххас нест, ки ин омор то рӯзи ҷумъаро дар бар мегирад ё онҳое низ, ки рӯзи шанбе ҷони худро аз даст додаанд, шомили ин руйхат ҳастанд.
Рӯзи ҷумъа дар Бағдод неруҳои амниятӣ ба гурӯҳҳои мухталифи эътирозгарон, ки талош мекарданд худро ба майдони “Таҳрир” бирасонанд, ҳамла карданд.
Мавҷи эътирозҳои мардум дар Ироқ рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар вокуниш ба бештар шудани шумораи бекорон, фасод ва заъфи давлат дар ҳали мушкилоти мардум дар чанд шаҳри ин кишвар баргузор шуд.
Бар асоси гузоришҳо дар ин эътирозҳо чаҳор ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудааст.