Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз Чин хост, ки Ҷо Байденро таҳқиқ кунад


Дар пасманзари даъватҳо ба шурӯи ҷараёни радди салоҳияти президент Доналд Трамп дар Конгресс, худи раиси ҷумҳури Амрико ахиран аз Чин расман хост, ки номзади демократҳо ба интихоботи президентӣ Ҷо Байденро таҳқиқ кунад. Доналд Трамп барои айни чунин дархост аз ҳукумати Украина, ки ҳафтаи гузашта ошкор шуд, бо таҳдиди импичмент ё радди салоҳият рӯбарӯ шудааст. Трамп рӯзи 3 октябр дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт, ки бовар дорад ҳам Чин ва ҳам Украина бояд фаъолияти собиқ муовини президент Ҷо Байден ва писари соҳибкораш Ҳантро таҳқиқ кунанд ва даъват ба импичментро интиқод кард.

Ӯ гуфт: “Метавонам бигӯям, ки президенти Украина Владимир Зеленский, агар ман ба ҷои ӯ будам, машварат медодам, ки онҳо ҳарду Байденро тафтиш кунанд. Илова ба ин, Чин бояд тафтиши онҳоро шурӯъ кунад, чунки он чизе, ки дар Чин гузашт, ҳамонгуна, ки дар Украина буд, бад аст”. Ба саволи ин ки оё ӯ аз президенти Чин Сӣ Ҷинпин хоста буд, ки айни корро бикунад, Трамп гуфт: “На, дархост накардам, вале мо бояд сари ин чиз фикр кунем”. Каме баъди ин Трамп дар твиттераш навишт, ки ин масъулияти ӯ аст, ки фасодро таҳқиқ кунад. “Ҳамчун президенти ИМА, ман ҳамаи ҳуқуқро дорам ва зиёда аз ин, вазифадорам, ки ФАСОДРО тафтиш кунам ва аз кишварҳои дигар ҳам дархост кунам, ки ба мо кӯмак кунанд”. Чин ва ИМА дар ҳолати ҷанги тиҷоратӣ ҳастанд, ки ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири худро гузоштааст.

XS
SM
MD
LG