Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ба истифодаи ширкати чинӣ додани кони Якҷилва дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Навбати тӯлонии сокинон барои гирифтани ҳуҷҷат ва чанд сол ба истифодаи ширкати чинӣ додани кони нуқраи Якҷилва аз мавзуъҳоест, ки дар барномаи ин навбати Озодӣ Онлайн дар бораашон сӯҳбат кардем.

Дар видеое, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ба мо фиристодаанд ва аз назди идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС аст, ки муаллифи видео мегӯяд, ба сабаби роҳ ёфтани хато дар санад, сокинон дубораву себора ба назди мақомот меоянд ва рӯзҳову ҳафтаҳо саргардон мешаванд.

Мақомот ҳанӯз дар ин бора шарҳе надодаанд, аммо чанде аз корбарони дигари Радиои Озодӣ гуфтанд, вазъияти ба ин монандро дар ноҳияҳои дигар низ дидаанд.

Мавзуи баҳси дигар ин ризоияти порлумони Тоҷикистон барои ба истифодаи як ширкати чинӣ додани кони нуқраи Якҷилва дар ноҳияи Мурғоб буд, ки бо вокунишҳои мухталиф рӯ ба рӯ шудааст. Назарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳадде зиёду тунд буд, ки ҳукумати Бадахшон дар изҳороте гуфт, ин ба маънои фурӯхтан ё тақдими кон нест, балки як роҳи ҷалби сармояи хориҷист.

Вале як корбари "Беном" дар сомонаи Радиои Озодӣ навишт, "агар ширкати чинӣ аз андоз озод бошад, аз кори он ба Тоҷикистон фоидае нест. Пас, дар зери парда сирри дигаре ниҳон аст".

"Аз дохил" гуфтааст, конро барои 20 сол ба истифодаи Чин супурдаанд. Дар созишномаи "инвеститсионӣ" боз чанд банди ҷолиб аст, ки ба бовари ӯ, "ба зарари Тоҷикистон мебошад". Вале мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаро ошкор накардаанд.

Ҷонибек Маъқулов дар "Инстаграм" гуфтааст, "дар ҷойи нишастаи худ давлатро паст назанед. Раҳбарият медонад, ки барои Тоҷикистон чӣ қадар қарз бигирад ва чӣ хел баргардонад. Давлатҳои бойи дунё ҳам қарздоранд". Абдурразоқ Абдуваҳҳобов низ дар "Фейсбук" гуфтааст, "ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ барои коркарди маҳсулот иҷозатнома медиҳад ва метавонад дар вақти зарурӣ онро бекор кунад".

Вале "Муҳоҷир" аз он озурда шудааст, ки "мардуми тоҷик дар кишвар кор намеёбанду ба муҳоҷират мераванд, вале мардуми Чин дар Тоҷикистон соҳиби заводу фабрика ҳастанд".

Баъзе аз ин муҳоҷирон аз Русия видео ҳам фиристодаанд, ки мегӯянд, ҳар кадом соҳиби маълумот ҳастанд, вале аз ночорӣ мардикорӣ мекунанд.

"Бояд дар мактаб қадри тозагиро омӯзонанд, на рақсу бозиро"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Ин баҳсҳо дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм кушода аст. Назару видеоҳои худро ба мо фиристед.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG