Камол Мадумаров, ангурпарвари шинохта дар Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи Мадумаров ҳамдардӣ баён кардааст.
Манбаъ мегӯяд, "Камол Мадумаров дар давоми умри бобаракати худ барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, бахусус боғдорию ангурпарварӣ саҳми босазо гузошта, таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии диёри хеш сарф кардааст".
Камол Мадумаров аз афроди наздик ба президент гуфта мешуд. Дар чанд соли ахир тамоми меҳмонҳои баландпоя, аз ҷумла президентҳои кишварҳо ва хабарнигорони хориҷиро барои меҳмони ба боғи ҳамин ангурпарвар мебурданд. Дар охирин сафари худ ба Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба хоҷагии ангурпарварии ӯ мошини сабукрав тақдим карда буд.
Камол Мадумаров, аз таъсисдиҳандагони хоҷагии "Боғи Сомон" ва яке аз нафарони бонуфузу боэҳтиром дар шаҳри Турсунзода ба ҳисоб мерафт. Сӯҳбату мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шудааст. "Боғи Сомон" соли 2008 ташкил шуда, яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор меравад.