Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хонигарии қазоқҳо. Тахти тилоӣ" ба ҷоизаи "Оскар" пешбарӣ шуд


Қазоқистон филми "Хонигарии қазоқҳо. Тахти тилоӣ"-и коргардон Рустам Абурашовро дар бахши "Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ" барои ҷоизаи Академияи синамои ИМА - "Оскар" пешбарӣ кард.

Маросими 92-уми супоридани ҷоизаи "Оскар" охирҳои моҳи феврал ё аввали моҳи марти соли 2020 дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.

"Хонигарии қазоқҳо. Тахти тилоӣ" қисми дувуми филми бисёрсериягии “Хонигарии қазоқҳо” аст, ки бар пояи романи “Шамшери гӯё”-и Илёс Есенберлин ва дар чорчӯби тадорукот ба ҷашни 550-солагии давлатдории қазоқҳо ба навор гирифта шудааст.

Филмҳоро "Қазоқфилм" ба навор гирифтааст. Қазоқистон бори нахуст ҳамчун давлати мустақил соли 1991 барои ҷоизаи "Оскар" филми "Марги Отрар"-ро пешбарӣ карда буд. Баъд аз он, тақрибан тайи 15 сол дигар ягон филми қазоқӣ ба ҷоизаи мазкур пешбарӣ нашуд.

Соли 2007 Қазоқистон филм дар бораи Чингизхон "Муғул"-и коргардони рус Сергей Бодровро барои "Оскар" пешбарӣ карда буд ва ҳатто ба феҳристи дарёфткунандагони эҳтимолии ҷоиза низ шомил гашт.

XS
SM
MD
LG