Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои дохилии Туркманистонро аз ҷаласа ва аз мақом ронданд


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, вазири корҳои дохилии ин кишвар Искандар Муликовро бо иттиҳоми суистифода аз мансаб ва ришвахорӣ аз мақом барканор ва аз ҷаласаи Девони вазирон берун кард.

Тасмим баъд аз шунидани ҳисоботи Ботир Атдаев, додситони кулли Туркманистон, гирифта шудааст. Атдаев вазири умури дохилиро ба суистифода аз мақом муттаҳам кард.

Искандар Муликов аз моҳи майи соли 2009 раҳбарии ин идораи муҳими қудратиро ба уҳда дошт.

Рутбаи Муликов то ба сатҳи майор поин бурда шуда, аз тамоми мукофотҳои давлатӣ маҳрум гаштааст. Ба ҷойи ӯ Мамадхон Чакиев, ки то ин замон муовини раиси Девони вазирон буд, вазири умури дохилии Туркманистон таъйин шуд.

Аз ин пеш бахши туркмании Радиои Озодӣ аз боздошти ронандаи Искандар Муликов -- Мақсад Амонов хабар дода буд. Манобеъ хабар медиҳанд, ки боздошти ронандаи вазир баъди ҳабси тоҷири ишқободӣ Чари Қулов ва вазири пешини равобити иқтисоди хориҷӣ Амандурдӣ Ишанов сурат гирифтааст.

Бино ба хабарҳо, дар шаҳри Ишқобод чандин фурӯшгоҳ, тарабхона ва қаҳвахона ба Муликов тааллуқ доштаанд. Тарабхонаи "Океан", қаҳвахонаҳои "Айперӣ" ва "Ғизои туркӣ" мусодира карда шуданд.

XS
SM
MD
LG