Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров иштирок накард, Гулсумбӣ Шарифова 33-юм шуд


Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки 27-уми сентябр дар Давҳаи Қатар бо ширкати ҳудуди 2000 варзишгари беш аз 200 кишвар шуруъ шуд, рӯзи 6-уми октябр ба анҷом мерасад. Мусобиқот аз рӯи 27 навъи рақобатҳо миёни мардону занон сурат гирифтааст.

Баъд аз маҳрум шудани Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, аз ҳаққи иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Давҳа Тоҷикистонро танҳо як варзишгар – Гулсумбӣ Шарифова – намояндагӣ кард. Ӯ рӯзи 30-юми сентябр дар давиш ба масофаи 200 метр миёни занон ширкат варзид.

Ин варзишгари 21-солаи тоҷик дар мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 23,45 сония ҷойи охирин – ҳаштумро ишғол кард. Умуман, Гулсумбӣ дар миёни 43 нафар ширкаткунандагони мусобиқаи занон дар давиш ба масофаи 200 метр мақоми 33-юмро касб намуд ва аз ҳаққи иштирок дар даври ниманиҳоӣ маҳрум гашт.

Дар гурӯҳе, ки давандаи тоҷик иштирок дошт ва, умуман, дар байни ширкаткунандагони ҳамаи гурӯҳҳо Дина Ашер Смит аз Британияи Кабир натиҷаи беҳтарин нишон дод – 22,32 сония. Натиҷаи Дина дар нимфинал ҳам беҳтарин аст – 21,89 сония.

Ба ин тартиб, ҳашт нафар ба финал баромаданд, ки ба ҷуз Дина Ашер Смит се нафари дигар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва якнафарӣ аз Баҳрайн, Булғористон, Гамбия ва Швейтсария мебошанд. Мусобиқаи ниҳоӣ дар давиш ба масофаи 200 метр миёни занон имрӯз, 2-юми октябр, баргузор мешавад.

Варзишгароне, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Давҳаи Қатар дар рақобатҳои инфиродӣ меъёрҳои муқарраркардаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF)-ро иҷро мекунанд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

Дар қувваозмоиҳо оид ба эстафета бошад, ҳашт ҷойи аввали ҳар қувваозмоӣ имкони ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020-ро доранд.

Ҳамчунин, IAAF барои варзишгароне, ки то ҷойи 8-умро ишғол мекунанд, ҷоизаи молӣ муқаррар кардааст:

Рақобатҳои инфиродӣ
1. 60 000 доллари ИМА
2. 30 000 доллари ИМА
3. 20 000 доллари ИМА
4. 15 000 доллари ИМА
5. 10 000 доллари ИМА
6. 6 000 доллари ИМА
7. 5 000 доллари ИМА
8. 4 000 доллари ИМА

Эстафета
1. 80 000 доллари ИМА
2. 40 000 доллари ИМА
3. 20 000 доллари ИМА
4. 16 000 доллари ИМА
5. 12 000 доллари ИМА
6. 8 000 доллари ИМА
7. 6 000 доллари ИМА
8. 4 000 доллари ИМА

Инчунин, варзишгароне, ки рекорди нави ҷаҳонро мегузоранд, дар ҳаҷми 100 000 доллари ИМА ҷоизаи молии иловагӣ мегиранд.

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Давҳаи Қатар ширкат намеварзад. Ин варзишгари 37-солаи тоҷик, ки ба гумони истеъмоли допинг муваққатан аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шудааст, наметавонад дар Давҳа барои медал ва роҳхати олимпӣ мубориза кунад.

Зимнан, дар мусобиқаи гурзандозӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Давҳа 12 нафар ба финал, ки имрӯз, 2-юми октябр, доир мегардад, роҳ пайдо карданд: ду нафар аз Лаҳистон, якнафарӣ аз Британияи Кабир, Булғористон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Испания, Қатар, Маҷористон, Норвегия, Украина, Фаронса, инчунин як варзишгари бетараф.

Дар байни ширкаткунандагони даври ниҳоӣ оид ба гурзандозӣ миёни мардон натиҷаҳои беҳтаринро се нафар дар мусобиқаи интихобӣ нишон доданд: Павел Фаҷдек (Лаҳистон, 79,24 метр), Войтсех Новитски (Лаҳистон, 77,89 метр) ва Қуентин Бигот (Фаронса, 77,44 метр).

Ёдовар мешавем, як созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (The Athletics Integrity Unit) Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилияро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки дар истифодаи допинг муттаҳам мешаванд.

Ба навиштаи ин созмон, тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ "дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)" пайдо кардааст.

Созмони мустақили The Athletics Integrity Unit, ки исми гурзандози тоҷик ва барандаи бозиҳои олимпии соли 2016-ро дар феҳристи гумонбарон дар истеъмоли допинг шомил кард, мегӯяд, Дилшод Назаров бояд ба таври ҳатмӣ муқаррароти худдорӣ аз ширкат дар мусобиқаҳоро иҷро кунад.

Дафтари матбуоти ин созмон дар шарҳи қарор рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ навишт, "дар сурате, ки варзишгар тавонад собит кунад, ки нақзи муқаррароти зиддидопингӣ бо истеъмоли маҳсулоти олуда бастагӣ мегирад, ин қарор бекор мешавад. Вале ин тасмим ба қарори муваққатан аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудани варзишгар дар паи истеъмоли маводи олуда таъсире надорад ва бозбинӣ намешавад".

Дилшод Назаров, ки аз Давҳа ба Душанбе баргаштааст, аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Ӯ 26-уми сентябр дар сафҳаи Фейсбукиаш навиштааст, "ман дар қаҳрамонии ҷаҳон рақобат карда наметавонам, зеро ки маро дар истеъмоли маводи мамнуъ муттаҳам кардаанд. Хоҳишмандам, ба ман каме фурсат бидиҳед, то ин ки ман андешаҳоямро баён намоям. Ман намехоҳам эҳсосоти худро нишон диҳам, ман мехоҳам далелҳо пешниҳод намоям. Ба зудӣ ман изҳороти худро нашр мекунам. Ҳақиқат ба ҷониби ман аст."

Бояд тазаккур дод, ки дар муддати 28 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук ҳамагӣ 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) ба даст овардаанд.

Ду медали тиллоро Андрей Абдувалиев дар гурзандозӣ солҳои 1993 (Штутгарт, Олмон) ва 1995 (Ҳётеборг, Шведсия) соҳиб шудааст. Медали нуқра ба Дилшод Назаров марбут аст. Ӯ соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекини Чин дар гурзандозӣ сазовори медали нуқра гаштааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG