Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, дар тафтиши парвандаи марги писари Кудебоев ба касе фишор наовардаанд


Вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев гуфт, Вазорати корҳои дохилӣ ва додситонӣ дар раванди тафтиши парвандаи марги Нурсултон Кудебоев, писари сардори пулиси Алмато Серик Кудебоев иштирок надоранд.

Ба гуфтаи Тургумбоев, парвандаро Хадамоти тафтишоти иқтисодӣ таҳқиқ мекунад ва қарори ҳабси табибонро низ барои дуруст иҷро накардани вазифаҳояшон додгоҳ содир кардааст.

Тургумбоев афзуд, ки Кудебоев дар ҳабси табибон даст надорад. Ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки гуфтанд, беҳтар нест, то анҷоми тафтишот сардори пулиси Алмато аз мақомаш барканор шавад, изҳор дошт, ки барои ин кор ҳеч заруратеро намебинад.

"На ВКД ва на додситонӣ, ки писари Кудебоев онҷо кор мекард, парвандаро тафтиш накардаанд. Ҳеҷ гуна фишоре аз ҷониби ВКД ва додситонӣ сурат нагирифтааст",-афзуд Тургумбоев.

Нурсултон Кудебоеви 29-сола, ки ба ҳайси муовини додситони ноҳияи Алтауи Алмато кор мекард, охирҳои моҳи август дар яке аз бемористонҳои Олмон ҷон бохт. Ӯро пеш аз рафтанаш ба Олмон дар бемористони рақами 4-и шаҳри Алмато ҷарроҳӣ карда буданд.

Дар робита ба марги вай ду табиби беморхонаи рақами 4 Канат Тезекбоев ва Аскар Тунгушбоев ҳабс шуда, шоми 25 сентябр ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод гаштанд.

XS
SM
MD
LG