Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол имрӯз, 1-уми октябр, бо ширкати чаҳор даста (се дастаи лигаи олӣ ва як дастаи лигаи аввал) баргузор мешаванд.
«Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо намояндаи лигаи аввал - «Ҳулбук»-и Восеъ - рақобат мекунад. Дар бозии дигар, ки дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад, ду дастаи лигаи олӣ - «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Ҳарду бозӣ соати 16:00 оғоз меёбад.
Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 2-3-юми ноябр доир мегарданд.
Ҷоми Тоҷикистон-2019
1/2 финал. Бозиҳои аввал
1 октябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Истиқлол» – «Ҳулбук»
Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 28-ум баргузор шудаст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992 – 2018):
- 1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
- 1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
- 1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
- 1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
- 1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
- 1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
- 1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
- 1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
- 2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
- 2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
- 2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
- 2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
- 2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
- 2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
- 2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
- 2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
- 2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
- 2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
- 2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
- 2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
- 2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
- 2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
- 2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
- 2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
- 2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
- 2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
- 2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
Чаро гурусна чизе бихӯрад, сер мешавад, аммо сер ҳарчӣ бихӯрад сер намешавад? Оё рӯдаҳои сер даридааст? Ё бидуни рӯда таваллӯд шудааст?
Россия бояд 100-соли оянда ба Украина ҷубронпулӣ пардохт намуда, тамоми заминҳои ишғолкардаашро ба Украина баргардонад. Раҷаб Тайиб Эрдоған лӯлаи туркии гази Россияро пурра ба нафъи худ истифода мебарад. Туркия аз соҳилҳои баҳрии худ газ истихроҷ намуда, ба Аврупо мефурӯшад. Таҳримҳо зидди “газпром” ва “роснефт” ба сулолаи Путин нуқта мегузорад. Туркия раиси Қафқоз хоҳад шуд. Навалний аз маҳбас озод шуда, Президенти Россия интихоб мешавад. Тоҷикон аз қаламрави Россия ба Ватани худ “пеш” карда шуда, пойгоҳи низомии 201-уми рус дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд. Сафорати Россия аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Лахш интиқол дода мешавад. “Россотрудничество” агенти хориҷӣ эътироф карда мешавад ва фаоълияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда мешавад. Шаҳрвандони дорои шиносномаи русӣ ба хиёнат ба давлат айбдор карда шуда, ба корҳои ислоҳӣ дар сохтмонҳои иншооти давлатӣ бепардохти музд сафарбар карда шаванд. Корҳои зиёде ҳаст, ки баъди шикасти пурраи Путин бояд анҷом диҳем.
Барои мо хам як Жапаров ва Ташиеви точик даркор то амалиёти мисли кони Кумтор гузаронанд.
Мешудаст, ку. Фақат завқ доштан лозим, Завқ. Бояд дигар корхонаҳои дигар низ аз Васт Ресорсес таҷриба ва ибрат гирифта, дар муддати кӯтоҳ амин ба ин гуна дастовардҳо ноил шаванд.
Ки гузорад? Хукумати оилави е давлатхои хоричи, ки си сол кумак аз онхо мепурсем?