Рӯзи 30 сентябр раҳбарони гузашта ва имрӯзаи кишварҳои мухталиф барои ширкат дар маросими ҷанозаи президенти собиқи Фаронса Жак Ширак дар Париж ҷамъ омаданд. Маросими хайрбод дар назди мақбараи Наполеон баргузор шуд. Суруди миллӣ ё “Марселеза”-ро гурӯҳи мусиқии низомӣ иҷро кард ва баъдан президент Эммануэл Макрон аз назди низомиён гузашт. Қабри Ширак бо парчами Фаронса оро дода шуда дар маркази майдони “Инвалидҳо” гузашта шуд.
Дар миёни меҳмонҳое, ки барои хайрбод бо президенти собиқи Фаронса омада буданд, президенти Русия Владимир Путин, собиқ президенти Амрико Билл Клинтон, собиқ садри аъзами Олмон Герҳард Шрёдар ва Шоҳи Урдун Абдуллоҳ дида шуданд. Ширак дар 86-солагӣ дар хона дар ҳалқаи наздиконаш даргузашт. Сабаби марги ӯ нашр нашуд.
Собиқ президенти Фаронса Франсуа Оллан дар суханронии худ Жак Ширакро шахсе қотеъ номид. Ӯ гуфт:
“Жак Ширак на танҳо интихоберо мекард, ки ба гурӯҳи ӯ қобили қабул буд. Бекор кардани ҳукми марг, бекор шудани манъи суқути ҳамл, эътирофи иштибоҳҳои Фаронса дар замони рейдҳои зидди яҳудӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон ва муборизаи ӯ бо ростгароҳо - намунаи қотеияти ӯст. Ӯ на танҳо ба хотири таҳрики дигарон ин қарорҳоро қабул кард, ӯ эҳсос мекард, ки бояд ҳамингуна бошад”.
Жак Ширак солҳои охир аҳёнан дар мазҳари ом дида мешуд ва танҳо маълум буд, ки ӯ аз дарди дил ранҷ мекашад. Ӯ солҳои 1995 то 2007 президенти Фаронса буд. Дар солҳои раҳбарии ӯ Фаронса ба фазои пули ягонаи аврупоӣ ворид шуд ва хидмати ҳатмии ҳарбиро бекор кард. Дар сатҳи байналмилалӣ Ширак бо мухолифати шадидаш алайҳи шурӯи ҷанги ИМА дар Ироқ дар соли 2003 дар ёдҳо мондааст.