Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қадам то пирӯзии “Истиқлол” дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 


Бозиҳои даври ҳабдаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бегоҳи имрӯз, 27-уми сентябр, баргузор мешаванд.

Дар бозии марказии даври ҳабдаҳуми мусобиқоти лигаи олӣ "Истиқлол"-и Душанбе дар меҳмонӣ бо "Кӯктош"-и Рӯдакӣ рақобат мекунад.

Дар бозии дигар "Хатлон"-и Бохтар дар меҳмонӣ бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан вориди рақобат мешавад.

"Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар майдони худ бо ССКА "Помир"-и Душанбе рӯбарӯ хоҳад шуд.

"Панҷшер"-и Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони худ бо "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ "Истиқлол" бо 42 имтиёз дар ҷойи аввал аст. "Хуҷанд" бо 26 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. «Хатлон» бо 22 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Ҳамакнун барои он ки "Истиқлол" барои бори нуҳум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёбад, аз панҷ бозии боқимонда дар яктоаш пирӯз шудан кофист.

Барои медалҳои нуқраву биринҷӣ «Хуҷанд», «Хатлон», «Кӯктош», «Регар-ТадАЗ» ва ССКА «Помир» талош доранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум

27 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Истаравшан» – «Хатлон»

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

«Кӯктош» – «Истиқлол»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник».

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

«Панҷшер» – «Хуҷанд»

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

16

13

3

0

45-11

42

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

15

8

2

5

26-16

26

3

«Хатлон» (Бохтар)

16

6

4

6

22-21

22

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

16

5

5

6

23-23

20

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

5

4

7

22-26

19

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

5

4

7

16-22

19

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

15

5

2

8

13-23

17

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

16

3

2

11

13-38

11

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 11 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Турсуналӣ Рустамов («Хуҷанд») – 8-тӯбӣ, Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 7 тӯб.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG