Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни шаҳрҳои Ӯшу Андиҷон


Миёни шаҳрҳои Андиҷони Узбекистон ва Ӯши Қирғизистон аз 25-уми сентябри соли равон ҳаракати автобусҳои мусофирбар ба роҳ монда шуд.

Дар масири нав 6-автобусӣ аз ҳар ду кишвар ба мусофирон хидмат хоҳанд расонд. Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки барои ҳаракати озод ва зуди воситаҳои нақлиёт тавассути гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ "долони сабз"-еро ташкил кунанд.

"Автобусҳо шабу рӯз бо мусофиркашонӣ машғул хоҳанд шуд. Арзиши роҳкиро 10 ҳазор соми қирғизӣ аст ва ба ҳисоби мо, автобусҳо рӯзона то ба ду ҳазор мусофир хидмат мерасонанд", - гуфт раҳбари бахши нақлиёти вилояти Андиҷон Уткирбек Машрабов.

Дарозии масири "Андиҷон - Ӯш" 45 километр аст.

XS
SM
MD
LG