Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қирғизистон пажуҳиши тирпарронӣ дар Ӯшро шуруъ карданд


Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки пажуҳиши тирпарронӣ дар вилояти Ӯш шуруъ шуд. Вазорат гуфт, рӯзи 22-юми сентябр Тологон Раҳмонбердӣ уулу бо захми силоҳ дар бемористон бистарӣ шуд.

Мақомот бо моддаи "расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" парванда боз кардааст.

Рӯзи 22-юми сентябр дар деҳаи Фурқати вилояти Ӯш тирпарронӣ сурат гирифт. Дар ин ҳодиса варзишкор Тологон Раҳмонбердӣ уулу маҷруҳ шуд.

Ба иттилои тасдиқношуда, варзишкорро Килич Саркарбоев - варзишкори дигар маҷруҳ кардааст.

Гуфта мешавад, ҳар ду варзишкор бо ҳам ошно буданд. Онҳо дар толоре тамрин мекарданд, ки ба Раимбек Матраимов, муовини пешини сардори Хадамоти гумруки Қирғизистон тааллуқ дорад.

Варзишкор Раҳмонбердӣ уулу дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ӯро Килич Саркарбоев маҷруҳ накардааст, балки аз беэҳтиётӣ ҳангоми тафтиши таппонча маҷруҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG