Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлияи ИМА сӯҳбати Трампу Зеленскийро нашр кард


Вазорати адлияи Амрико ёддошти панҷсаҳифагии сӯҳбати рӯзи 25-уми июли президент Доналд Трамп ва ҳамтои украиниаш Владимир Зеленскийро нашр кард. Бар асоси матни ин сӯҳбат дида мешавад, ки раҳбари Амрико Украинаро водор кардааст, ба таҳқиқи собиқ муовини президент ва рақиби сиёсии Трамп аз ҳизби демократ Ҷо Байден шурӯъ кунад.

Матни ёддошт рӯзи 25-уми сентябр нашр шуд. Он нишон медиҳад, ки Трамп аз Украина хостааст, бо вакили дифои ӯ Руди Ҷулианӣ ва додситони кулли Амрико барои таҳқиқи иттиҳоми беасоси ин ки Байден мехост ба тафтиши додситонии Украина дар парвандаи писараш Ҳантер дахолат кунад, ҳамкорӣ кунад.

Дар як ҷойи ин матн ҳарфҳои Трамп чунин оварда шудааст: "Дар бораи писари Байден гап хеле зиёд аст. Ин ки Байден пеши роҳи додситонҳоро гирифтааст ва одамони зиёд мехоҳанд дар ин бора иттилои бештар дошта бошанд. Ҳар коре, ки шумо бо додситони кул карда тавонед, хеле хуб мешуд. Байден дар ҳама ҷо худро таъриф кардааст, ки парванда тамом шуд. Шумо инро ҳам бубинед”.

Ширкати хусусии гази Burisma Holdings, ки дар Украина фаъолият мекунад, ба олигарх Николай Злочевский марбут буда, писари Байден узви шӯрои мудирони он мебошад. Соли 2015 зидди ин ширкат бо иттиҳоми пулшӯӣ парванда боз шуда буд.

Моҳи август як манбаъ аз маъмурияти Трамп бар зидди ӯ иттилое нашр кард ва бар асоси он рӯзи 24-уми сентябр раиси Маҷлиси намояндагони ИМА Ненси Пелосӣ ҷараёни раъйи адами эътимод ба президентро оғоз бахшид.

XS
SM
MD
LG