Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ҷаҳониёнро аз "ҷанги Русия зидди Украина" ҳушдор дод


Президенти Украина Владимир Зеленский дар рӯзи дуюми ҷаласаҳои Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк ба раҳбарони ҷаҳон гуфт, ки ҳушёр бошанд, чун вақте Русия бо Украина дар маркази Аврупо меҷангад, ҳеҷ як кишвари дигар амн буда наметавонад. Ӯ рӯзи 25-уми сентябр гуфт, "дар ин саёра ҳеҷ касе гуфта наметавонад, ки ин ҷанги ман нест".

"Ҳар раҳбар барои тақдири на танҳо кишвари худ, балки тамоми ҷаҳон масъулият дорад", -- афзуд ӯ.

Маскав ҳамоно аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина пуштибонӣ мекунад. Аз замони оғози ҷанг (соли 2014) то кунун дар низои Украина беш аз 13 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, тахминан 2 миллион нафар беҷо шудааст. Русия марти соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол кард ва ин амали Маскав мавриди маҳкумияти ҷаҳониён шуд.

Зеленский гуфт, Украина дар фикри таъмини сулҳ "бо роҳҳои маданӣ мебошад". Ӯ гуфт, "ҳадафи ман бозгардони тамоми қаламравҳои ишғолшуда аст, вале на бо қимати ҷони украиниҳо".

Президенти Украина, ки моҳи майи имсол дар интихобот пирӯз шуд, дар суханронии рӯзи 25-уми сентябри худ Кремлинро дар он гунаҳкор кард, ки яке аз ду мушкили аслии иҷрои пурраи тааҳҳудоташ мешавад. Ӯ ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор, ки дар Ню-Йорк гузашт, гуфт: "Таҷовузи Русия алайҳи Украина" саддест, ки монеи дастёбии Украина ба ҳадафҳои устувор шудааст ва Киев "бидуни кумаки байналмилалӣ ин монеаҳоро пушти сар карда наметавонад”.

Одати, ба гуфтаи ӯ, “муқовимат”-и сиёсӣ ба ислоҳоти бисёр зарур монеаи дигар мебошад. Ӯ изҳори умед кард, ки Украина бо ёрии ҳамкорони байналмилалӣ метавонад назорат бар қаламравҳояшро барқарор кунад.

Қарор аст, шоми имрӯз Зеленский бо президенти ИМА Доналд Трамп ҳам мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG