Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафткашҳои қазоқ бо талаби боло бурдани маош корпартоӣ карданд


Kazakhstan, Aktau. Complaining workers gathered at Sinopec office. 24 Sept 2019.
Kazakhstan, Aktau. Complaining workers gathered at Sinopec office. 24 Sept 2019.

Даҳҳо корманди "Ширкати байналмилалии нафти СИНОПЭК Қазоқистон" дар вилояти Мангистау бо талаби боло бурдани маош корпартоӣ карданд.

Ёвари пармакунанда Ҷонибек Елдешов рӯзи 24-уми сентябр гуфт, кормандони ҳар ду басти ширкат бо талаби 100 дарсад боло бурдани маош аз шоми 23-уми сентябр ба ин сӯ корпартоӣ карданд. Дар шаҳри Актау низ даҳҳо корманд баъди кор бо талаби ҳамсон дар назди коргоҳи ширкат ҷамъ шуданд.

Елдешев мегӯяд, онҳо дар ин бора хаттӣ ба бахши ҳизби ҳокими "Нур Отан" дар минтақа ва иттифоқи касабаи маҷмаи нафту газ муроҷиат кардаанд. Зери муроҷиатнома 150 корманд имзо гузоштаанд.

Талошҳо барои дарёфти назари масъулони "Ширкати байналмилалии нафти СИНОПЭК Қазоқистон" ва ҳукумати вилояти Мангистау дар ин замина бенатиҷа буданд. Муовини сардори департаменти меҳнати Мангистау Шингис Дуйсенов гуфт, "дар ҳоли ҳозир миёни кормандон ва корфармо гуфтугӯҳо идома доранд". Вай ҳамчунин тасдиқ кард, ки пештар кормандони ширкат шикоят карда буданд.

Корпартоии кормандон дар конҳои ғарбии Қазоқистон дар пасманзари беқурбшавии танга афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG