Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади вазири пешини умури дохилии Арманистонро бо захми тир пайдо карданд


Ҷасади вазири пешини умури дохилӣ ва сардори пулиси Арманистон Айк Арутюнянро бо захми тир дар 45-километрии шаҳри Ереван пайдо карданд.

Дар ин бора бахши армании Радиои Озодӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Айк Арутюнян аз ноҳияи сараш тир хурдааст.

Арутюнян аз соли 1999 то соли 2003 вазири умури дохилӣ ва солҳои 2003 - 2008 сардори пулиси Арманистон буд. Ӯ дар доираи парвандаи задухӯрди моҳи марти соли 2008 дар Ереван шоҳид буд. Он замон дар натиҷаи задухӯрд бо сокинони норозӣ аз натиҷаи интихобот даҳҳо кас кушта шуда буд. Яке аз гумонбарони парванда президенти пешин Роберт Кочарян аст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди расонидан ба худкушӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG