Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони узбек дар Латвия аз фиреби корфармо шикоят карданд


Гуруҳи муҳоҷирони кории Узбекистон, ки дар Латвия ба сохтмон машғул ҳастанд, ширкати корфарморо дар иҷро накардани шартҳои созишнома айбдор карданд.

Ин муҳоҷирон мегӯянд, давоми 45 рӯзи корӣ ҳамагӣ 100-евроӣ ҳаққи заҳмат гирифтаанд, дар ҳоле, ки корфармо музди моҳонаи 2-3 ҳазоревроӣ ваъда карда буд.

"Ибтидои моҳи август 15 коргар тавассути ширкати "Marakanda" ба Латвия рафтанд. Мо бо ширкат ба маблағи 4,2 ҳазордолларӣ шартнома бастем. Аз замони ворид шудан ба кор ба мо 50 евроӣ ва баъди ҷанҷоли дирӯзӣ 50 евроии дигар пардохт карданд", - гуфт як тан аз муҳоҷирон.

"Лаҳзаҳое буд, ки мо ҳатто барои обу нон маблағ надоштем. Бародарам аз Маскав ба мо маблағ фиристод. Ҳоло ба мо мегӯянд, ки аввал корро тамом кунед, баъд ҳаққи заҳмат мегиред", - афзуд муҳоҷири дигар.

Роҳбари ширкати "Marakanda" Хуршед Раҷабов гуфт, вай аз вазъи муҳоҷирони узбек дар Латвия огоҳ аст ва талоши ҳалли мушкили онҳоро дорад.

XS
SM
MD
LG