Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки гуштигирони навраси тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Қазоқистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон (кадетҳо), ки имрӯз, 25-уми сентябр, дар шаҳри Алматии Қазоқистон шуруъ мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 464 варзишгари наврас (256 писар ва 208 духтар) аз 61 кишвар иштирок менамояд. Писарон дар ҳашт вазн ва духтарон низ дар ҳашт вазн то рӯзи 28-уми сентябр рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон даҳ писару як духтар шомил аст. Дар сабқати писарон паҳлавонони навраси тоҷик дар ҳамаи вазнҳо рақобат хоҳанд кард: Абдулло Сайфуллоев (вазни -50 кг), Сарвар Абдушукуров, Алишер Баротов (ҳарду дар вазни -55 кг), Фирӯзҷон Мелибойзода (-60 кг), Икромҷон Қурбонов (-66 кг), Ғаниҷон Ғаниев (-73 кг), Озодӣ Носиров, Суннатулло Лоиқов (ҳарду дар вазни -81 кг), Мансур Раҳмон (-90 кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (+90кг).

Дар сабқати духтарон Тоҷикистонро Аҳлия Муъминова дар рақобатҳо дар вазни зери 52 кило намояндагӣ мекунад.

Се варзишгари тоҷик - Абдулло Сайфуллоев, Сарвар Абдушукуров ва Алишер Баротов – имрӯз, 25-уми сентябр, вориди рақобатҳо мешаванд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқот – 26-уми сентябр - Фирӯзҷон Мелибойзода ва Икромҷон Қурбонов миёни писарон ва Аҳлия Муъминова дар сабқати духтарон иштирок хоҳанд кард.

Дар рӯзи севуми мусобиқот – 27-уми сентябр - Ғаниҷон Ғаниев, Озодӣ Носиров ва Суннатулло Лоиқов қувваозмоӣ мекунанд.

Дар рӯзи охирини мусобиқот – 28-уми сентябр - Мансур Раҳмон ва Иброҳимҷон Элмуродов ба рақобат мепардозанд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 80 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои ҷойи аввал 2300 доллар, барои ҷойи дувум 1300 доллар ва барои ҷойҳои севум 700-долларӣ муқаррар шудааст.

Барномаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон (кадетҳо) дар шаҳри Алматии Қазоқистон, 25-28-уми сентябр

25-уми сентябр (чоршанбе)

Духтарон: -40 кг, - 44 кг. Писарон: - 50 кг, -55 кг.

26-уми сентябр (панҷшанбе)

Духтарон: -48 кг, - 52 кг. Писарон: - 60 кг, -66 кг.

27-уми сентябр (ҷумъа)

Духтарон: -57 кг, - 63 кг. Писарон: - 73 кг, -81кг.

28-уми сентябр (шанбе)

Духтарон: -70 кг, + 70 кг. Писарон: - 90 кг, +90 кг.

XS
SM
MD
LG