Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду зани тоҷикро бо иттиҳоми танфурӯшӣ аз Туркия рондаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Туркия ду зани тоҷикро, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни амалиёти пулис дар Истанбул дастгир шуда буданд, ба Душанбе супурдааст. Онҳоро бо иттиҳоми танфурӯшӣ аз Туркия рондаанд.

Яке аз ин занон рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо танфурӯшӣ накардаанд, балки дар Истанбул дар пайи ёфтани ҷойи кор дар корхонаҳои нассоҷӣ буданд.

Туркия баъд аз Русияву Қазоқистон кишвари нисбатан дастрас барои кору зиндагӣ ва тиҷорати шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ, аз 5 то 7 ҳазор тоҷикистонӣ дар онҷо кору иқомат мекунанд. Онҳо ҳақ доранд, барои се моҳ ба Туркия бе виза раванд.

Расонаҳои Туркия бо такя ба қавли пулис гуфтанд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистонро ҳафтаи гузашта ҳамроҳи чанд зани дигар аз Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми машғул шудан ба танфурӯшӣ дастгир карданд. Мақомоти Тоҷикистон низ гуфтанд, ҳангоми таслими занҳо гуфта шудааст, "онҳо ба танфурӯшӣ машғул буданд".

Яке аз ин занон, ки аз ӯ ба далели ахлоқӣ А.К. ном мебарем, рӯзи 24-уми сентябр гуфт, "ин гап ҳақиқат надорад. Моро бо гурӯҳи занҳои дигар аз Осиёи Марказӣ дастгир накардаанд. Соати ёздаҳи шаб буд ва моро дар хиёбон гирифта бурданд."

Ин зан гуфт, ки далели ихроҷ шуданаш аз Туркия надоштани санад ва иқомати ғайриқонунӣ буд ва афзуд, ки "ҳеҷ гоҳ бероҳагардӣ накардааст".

Мусоҳиби мо афзуд, панҷ сол пеш аз Туркия ихроҷ шуда буд ва бо роҳи ғайриқонунӣ ба он ҷо рафта, мехост, дар як корхонаи нассоҷӣ кор кунад. Ба гуфтаи ӯ, шарикаш ду моҳ пеш омада буд ва як моҳи дигар барои дуруст кардани санадҳо фурсат дошт.

Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, баъди бозгашт бо ин ду зан сӯҳбат кардаанд ва маълум шудааст, ки онҳо расман дар ягон ҷо кор намекунанд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, занҳо шарҳ дода натавонистаанд, ки дар Туркия чӣ кор мекарданд.

Як манбаи огоҳ гуфт, ки “ин ду зан дар тарабхонаҳои Истанбул ба ҳайси раққоса фаъолият доштанд.” Яке аз занҳо 24 ва дигаре 26 сол дошта, баъд аз суҳбат бо мақомот раҳо шудаанд.

Муҳаммад Саидов, муҳоҷири тоҷик, ки чор сол боз дар шаҳри Истамбул кор мекунад, мегӯяд, эҳтимол дорад, ки ин занҳо тамоман танфурӯш набошанд.

Ӯ гуфт, пас аз ҳодисаҳои соли 2016 вазъ дар ин кишвар дигар шуд ва аз он вақт бо хурдтарин баҳона муҳоҷирон ихроҷ мешаванд.

Соли 2016 ҳукумати Туркия эълон кард, ки аз як табаддулоти давлатӣ ҷилавгирӣ кардааст ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар ин кишвар тағйир хурд.

Аз ин рӯ, Саидов мегӯяд, ҳолатҳое буд, ки духтарони комилан бегуноҳи тоҷикро низ бо баҳонаи бероҳагардӣ боздошт ва баъдан, барои нақзи қоидаҳои буду бош ихроҷ карданд.

“Дар чанд ҳолат барои кӯмак ба занони тоҷик рафта будам. Ҳатто як зани тоҷик, ки бо шавҳараш дар ин кишвар буд, қариб танфуруш гуфта ихроҷ кунанд. Ҳаст занони танфуруш, лекин бегуноҳ ҳам зиёд аст, ки тӯҳмат мешаванд. Зани тоҷик як моҳ кор меёбад ё кори доимӣ надорад, инҳо рейд мекунанд, бекор бошад, фикр мекунанд, ки танфурӯш аст. Ягон нафари ҳамонҳоро танфурушиашон исбот намешавад”,--гуфт ӯ.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, Туркия як кишвари сайёҳӣ ҳаст ва танфурушон чандон мушкили зиёд надоранд. Ихроҷи занон ҳам бо далели надоштани ҷойи доимии иқомат ва санади кор сурат мегирад.

Дар гузашта дар амалиёти пулиси Туркия чанд зан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо гумони машғул шудан ба танфурӯшӣ ва қочоқи инсон боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG