Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ҳузури низомиашро дар Лаҳистон густариш медиҳад


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳузури низомиашро дар Лаҳистон густариш медиҳад. Дар ин бора Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи душанбе дар мулоқот бо президенти Лаҳистон Анджей Дуда дар шаҳри Ню-Йорк хабар дод.

Роҳбарони ду давлат эъломияи густариши ҳамкориҳоро дар бахши мудофиа имзо карданд. Ҳуҷҷат пешбинӣ мекунад, ки ба Лаҳистон иловатан 1000 низомии дигари амрикоӣ фиристода хоҳад шуд. Лаҳистон вазифадор шуд, ки инфрасохтмони лозимӣ барои ҳузури низомиҳоро фароҳам оварад. Сухан аз сохтмони пойгоҳи нави низомӣ намеравад. Президенти Лаҳистон пештар пешниҳод карда буд, ки пойгоҳи нав сохта ва "Форт Трамп" номгузорӣ шавад.

Дар ҳоли ҳозир дар Лаҳистон ҳудуди 4500 низомии амрикоӣ ҷойгир аст.

Ба суоли он ки оё густариши ҳузури низомиҳои амрикоӣ дар Лаҳистон ба хатарҳо аз сӯи Русия рабт доранд ё на, Трамп посухи рад дод.

Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ баргузор мешавад ва Трамп бо чанде аз роҳбарони кишварҳои хориҷие мулоқот кард, ки барои иштирок дар ҷаласа омадаанд.

XS
SM
MD
LG